Дар як сатр
» » Фардо ваколати вакилони ҷамоатҳо ба охир мерасад

Фардо ваколати вакилони ҷамоатҳо ба охир мерасад

18-01-2015, 14:58

Фардо ваколати вакилони ҷамоатҳо ба охир мерасад

Муҳлати ваколати вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон ва умуман, тамоми Тоҷикистон, фардо 19 январ ба охир мерасад.

Тибқи талаботи моддаи 30-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» интихоботи вакилони ҷамоат на дертар аз 40 рӯзи ба охир расидани муҳлати ваколати вакилони ҷамоати даъвати амалкунанда бо қарори ҷамоат таъин карда мешавад, ки он бояд на дертар аз 19 январи соли 2015 бошад.

Дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтанд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот бояд то рӯзи 19 январи соли 2015 маҷлисҳои ҷамоатро даъват карда, бо қарори ҷамоат интихоботро ба рӯзи 1 марти соли 2015 таъин намоянд.

Барои ташкил ва баргузории интихоботи вакилони ҷамоат ду комиссия, яъне комиссияи интихоботи ҷамоат ва комиссияи ҳавзавии интихоботи вакили ҷамоат таъсис дода мешавад.

Комиссияи интихоботи ҷамоат на дертар аз панҷ рӯзи баъди таъин гардидани интихоботи ҷамоат аз тарафи ҷамоат ва Комиссияи ҳавзавии интихоботи вакили ҷамоат бошад, аз тарафи комиссияи интихоботи ҷамоат на дертар аз 10 рӯзи баъди таъини интихоботи ҷамоат ташкил мешавад.

Маблағгузории интихоботи ҷамоат аз ҳисоби буҷети он сурат мегирад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Инро бояд донист!

Инро бояд донист!

Сиёсат, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Анҷоми бақайдгирии номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандата

Анҷоми бақайдгирии номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандата

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА