Дар як сатр
» » ИНТИХОБИ МАН ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН АСТ

ИНТИХОБИ МАН ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН АСТ

2-10-2020, 23:43

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, нишонаи давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ мебошад. Ҳар як фарди ватандӯст дар ин маърака ширкат варзида, баҳри ояндаи неки кишвар ба номзадии арзанда овоз медиҳад.

Алиҷони Сарбандӣ айёми хурдсолӣ ба шеърнависӣ шавқи зиёд дошт ва шеърҳои шогирдона эҷод мекард. Соли 1997 дар шаҳри Левакант маҳфили «Гулбазм» ташкил шуд, ки ӯ ҳам ба маҳфил меомадагӣ шуд. Аъзои маҳфил барои эҷоди шеър маслиҳаташ медоданд. Бо гузашти вақт дасташ ба шеърнависӣ рост шуда, ба кори эҷодӣ ҷиддӣ машғул гардид.

Соли 2003 аввалин маҷмӯаи чакидаҳояш бо номи «Оҳанги дил» рӯи чоп омад. То имрӯз маҷмӯаҳои ӯ «Нигоҳи ишқ», «Тӯёна», «Баҳори орзу», «Ангезаҳои сӯзи дил», «Фарёди ишқ», «Садои садоқат» ва «Меҳрборон» ба чоп расонда, шумораи «Ҷашнҳои меҳру ихлос» ном китобчаи шеърҳояш омодаи чоп аст, ки бештар мавзӯъҳои ҷашнии Истиқлолият, Ваҳдат, Меҳргонро дар бар мегиранд. Ин китоб дархости хонандагони муассисаҳои ҳамин шаҳр  буда, барои истифода дар чорабиниҳои гуногун пешбинӣ гардонидааст.

Аслан, аксарияти шеърҳои Алиҷони Сарбандӣ мавзӯъҳои ишқу муҳаббатро дар бар мегиранд.

Соли 2008 маҷмӯаи «Баҳори орзу»-и ӯро Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 100 адад ба нашр расонд ва  ба муассисаҳои фарҳангиву маорифи шаҳри Левакант туҳфа намуд.

Устод бештар ба шоирон А. Хатлонӣ, Озар, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, инчунин Озарахш ҳамкорӣ мекунад. Шукронаи сулҳу субот, тинҷиву оромӣ намудааст.

- Дар пешорӯи мо маъракаи сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. Ин ҳам як нишонаи сулҳу субот, пойдории мамлакат аст. Интихобот ҳуввияти мамлакатро нишон медиҳад, овози ҳар яки мо ҳалкунанда аст, яъне дар интихоботи ояндаи хеш бетараф набошем. Ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳем. Банда низ аз ҳуқуқҳои худ истифода карда, дар интихобот иштирок мекунам ва ба тарафдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем. Зеро хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, сарҷамъ намудани мардуми парешони ватан, рушду нумӯ ва ободониву созандагиҳои ҷумҳурӣ зиёд аст. Махсусан ба қишри ниёзманд-маъюбону ятимон, таҳсилу касбомӯзии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот, албатта, пирӯз меояд ва корҳои   ободониву тараққиёти Тоҷикистонро идома хоҳад дод. Мо бо Пешвои миллат ҳастем, - мегӯяд Алиҷони Сарбандӣ.

Кароматулло Собиров,

рӯзноманигор-магистрантура

бахши 1



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДИСТ

Ҳуқуқу амният

ИНТИЗОРИҲО АЗ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
КМИР: ОИД БА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ 68 ҲАВЗАИ ИНТИХОБО ...

КМИР: ОИД БА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ 68 ҲАВЗАИ ИНТИХОБО ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

Ҳаёти иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи мо барои фардои давлату миллат масъулият дорем

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи мо барои фардои давлату миллат масъулият дорем

Сиёсат, Хабарҳо