Дар як сатр
» » ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДИСТ

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДИСТ

2-10-2020, 23:42

Ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи кишвар ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 21-уми июли соли 1994 пешбинӣ гардидааст. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расида ва қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ  ва вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд. Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили  амал эътироф шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро доранд, ҳуқуқи ширкат дар интихоботро надоранд.

Иштирок дар интихобот бевосита аст ва нафари дигар ба ҷойи дигар шахс овоз дода наметавонад  ва худи шахс бояд иродаи худро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ истифода намояд. Ҳамзамон, касе ҳуқуқ надорад, ки барои иштироки шаҳрванд дар интихобот  монеа эҷод кунад. Мутобиқи моддаи 150- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои интихоботияш ё  ҳуқуқи штирок дар райъпурсии ба муҳлати то се сол   ҷазои  аз озодӣ маҳрум намудан пешбинӣ  гардидааст.

Ҳамчунин, ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ,  ки ҷиҳати монеъ шудан ба гузаронидани райъпурсӣ, инчунин, сохтакориҳои ҳуҷҷатҳои интихоботӣ,  ҳуҷҷатҳои райъпурсӣ ё ҳисоби  нодурусти овоз равона шудаанд, бо моддаҳои 150 ва 151-и Кодекси ҷиноятии кишвар боиси  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мегарданд.

Интихобот шаффоф буда, он маъракаи муҳими сиёсист ва иштирок дар он ва истифодаи ҳуқуқҳои контитутсионии хеш, қарзи шаҳрвандии  ҳар як фард  дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ низ ҳаст ва шахс метавонад бо ин амали хеш дар сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ободкорию созандагӣ дар ватани маҳбуби хеш нақши муҳими худро ба ҷой гузорад.

Маъракаи муҳими сиёсӣ, ки диққати тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб хоҳад кард, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, демократӣ ва риояи қонун ҷараён хоҳад гирифт.

        Варқаи Зайниддин,

ёвари калони прокурори

вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИНТИХОБИ МАН ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ИНТИЗОРИҲО АЗ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
КМИР: ОИД БА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ 68 ҲАВЗАИ ИНТИХОБО ...

КМИР: ОИД БА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ 68 ҲАВЗАИ ИНТИХОБО ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

Ҳаёти иҷтимоӣ

ИНТИХОБОТРО ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСИВУ ТАШКИЛӢ МЕГУЗАРОНЕМ

Ҳаёти иҷтимоӣ