Дар як сатр
» » МО ҲАҚҚИ ОВОЗДИҲӢ ДОРЕМ

МО ҲАҚҚИ ОВОЗДИҲӢ ДОРЕМ

2-10-2020, 23:41

Яке аз хислатҳои инсондӯстонаи мо ба касони имконияташон маҳдуд буда, ба мисли ғамхории Пешвои миллат таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Фикр намоед, ки инҳо ҳам баҳри ободӣ ва сулҳу суботи кишвар дар як гӯшаи дили худ эҳсоси амиқтар менамоянд.            

Ҳотамов Абдураҳим, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳоти Даштиҷум соҳиби 9 фарзанд, панҷ писар ва чор духтар аст. Соли 2004 аҳли оилаи ӯ ба ҳодисаи мудҳиш дучор омад. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ Анваргулу Хурсандгул, се писаронаш Авазу Раҷабалӣ, Эраҷ ба бемории бениҳоят вазнин, дарди сару ҳазм накардани хӯрок гирифтор шуданд. Духтурон муайян намуданд, ки сабабаш дар гандуми ордкардаи онҳо  аз алафи табиии заҳрдор омехта шудааст.

Имрӯз дар оилаи акаи Абдураҳим панҷ нафар ҷигарбандаш маъюби гурӯҳи якум мебошанд.

Ҳотамов Абдураҳим мегӯяд: "Ҳарчанд ин сахт аламовар аст, лекин ба тақдир тан додаам, шукр менамоям, ки бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат ҳамасола дасти кумак дароз менамоянд. Аз ғамхории Пешвои муаззами миллат сипосгузорам, миннатдорӣ аз он менамоям, ки дар давлати орому осуда ва маҳбуби дили ҳамагон зиндагӣ дорем. Фарзандони ман ҳам як узви табақаи ҷомеа буда, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳаққи дар интихоботи Президентӣ иштирок карданро доранд.

Ҳамеша аз дил мегузарад, ки эй кош саломат мебудем ё рӯзе шифо ёфта, барои халқу ватани хеш содиқона хизмат намоем, як гӯшаи Тоҷикистони маҳбубамонро обод созем. Ҳаррӯза тариқи оинаи нилгун мебинем, ки Тоҷикистони зебои мо боз ҳам ободтар гашта истодааст. Дар дил бисёр орзуву умед дорем, танҳо барои гулгулшукуфоии ватан мехоҳем саҳм дошта бошем. Аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем. Ғамхориаш нисбати мо беохир аст.

Мо ҳам, албатта, барои боз ҳам обод гардидани Тоҷикистони маҳбубамон дар ин  маъракаи сиёсӣ инштирок хоҳем кард. Ояндаи кишвари хешро бо сулҳу субот, оромӣ ва зиндагии шоис-та бинем, - дар суҳбат фаҳмонданд фарзандони акаи  Абдураҳим, ки ҳар яке ҳаққи овоздиҳии худро доранд.

 

К. СОБИРОВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАМБАСТАГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БОЯД

Номаҳои Шумо

СИПОСГУЗОРЕМ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Номаҳои Шумо

Каримов Абдураҳим дар Варшава - 16.09.2019

Хабарҳо, Сиёсат

Корвон аз роҳи худ намегардад

Номаҳои Шумо

Аз бахти худ меболем

Маориф ва илм