Дар як сатр
» » ВОХӮРИИ АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА БО ДОНИШҶӮЁНИ ДДБ

ВОХӮРИИ АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА БО ДОНИШҶӮЁНИ ДДБ

2-10-2020, 23:40

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки    Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ сурат гирифт.

Нахуст, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса ва ҳамарӯза зоҳир мегардад.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ  тарбия   ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи олӣ   як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ доир ба дастгирӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул гардида, босамар амалӣ шуда истодаанд.

Абдулло Раҳмонзода доир ба нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои тақдирсоз ва содиқона дар назди халқу ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, пешгирӣ аз хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори он ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, инчунин ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ибрози андеша намуд.

Мавсуф, ҳамчунин, илова намуд, ки дар партави дастуру супоришҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ҳамаи иқдому ташаббусҳои ҷавонон  ҳаматарафа дастгирӣ ёфта, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда мешавад.

Дар охир аз устодону донишҷӯён ба сухан баромада, ҷонибдории амиқ намуданд, ки неруи ҷавонон дар интихобот муҳим аст ва ба хотири иҷрои масъулият ва қарзи шаҳрвандии худ дар ташкилу баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭҲЁГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
РАИСИ ВИЛОЯТ: «ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ»

Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш

Вохӯрӣ бо ҷавонони Ховалинг

Ҷавонон ва варзиш
Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм