Дар як сатр
» » МАН НАВРАСИ ИСТИҚЛОЛАМ

МАН НАВРАСИ ИСТИҚЛОЛАМ

2-10-2020, 23:39

Аз рӯзи ба дунё омаданам осмони Тоҷикистонам софу беғубор аст. Фазояш орому осуда ва мардумаш сарҷамъу муттаҳиданд. Сол аз сол шаҳри зебои Бохтари мо ободу зеботар мешавад, ки ин маро боз ҳам хушнуд мегардонад. Ман аз он шодам, ки чун хонандаи фаъол дар бештари чорабиниҳои фарҳангию ҷамъиятӣ  иштироки фаъолона дорам. Дар ҳама шодиву нишоте, ки  дар муассисаи таълимӣ ва шаҳри Бохтар баргузор мешуд, дар сафи пеш будам, ки аз он ифтихор доштам.

Соли 2011 буд, ки бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии кушодашавии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Бохтарро буридем. Он лаҳза Пешвои муаззами миллат бароям гуфтанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил кун, мутахассиси хубу кордон мешавӣ. Ин суханон то имрӯз дар гӯши ман садо медиҳад.

Чӣ тавр таҳсилро бо баҳои аъло нахонам, ки имрӯз бароям тамоми шароитҳо муҳайё аст. Имрӯз дар литсейи давлатии №1-и шаҳр дониш меомӯзаму баҳри сайқал додани малакаи донишам дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок мекунам. Имрӯз омӯзгорони соҳибкасб дар баробари фанҳои асосӣ бароямон дарси ватандӯстӣ, эҳтиром ба обу хоки ин диёрро меомӯзанд.

Ман ифтихор аз он мекунам, ки тоҷикаму тоҷ бар сар дорам. Тоҷи маро дунё мешиносанд. Ватани маро биҳишти рӯи замин дар олам ном кардаанд, ки ин бароям қиматтар аз ҳама аст. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистони овозадорам, барои парафшонии  Парчами номдорам, барои заҳматҳои Пешвои мардумпарварам бо баҳои аъло  хонда, пас аз хатми литсейи давлатӣ дар донишгоҳи олӣ таҳсилро идома хоҳам дод. То ба қавли додаи худ назди Пешвои муаззами миллат вафо кунам.

Имрӯз барои мо-хонандагон имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудааст, ки ҳамаи ин бо дастуру супоришҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мактабҳои махсус барои хонандагони болаёқат, ташкили олимпиадаҳо, озмунҳо ва конференсияҳо барои мукаммал гардонидани дониши мо-толибилмон нақши назаррас мегузорад.

Ин имконияту дастгириҳо буд, ки соли ҷорӣ барои литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар соли комёбиҳо буд.  Барои хониши хубу аъло як нафар хатмкунанда бо медали тилло, як нафар бо ифтихорнома сарфароз гаштанд ва ман дар сафи гирандагони степендияи раиси вилояти Хатлон шомил шудам, ки бароям ифтихору сарбаландист. Умедворам, ки дар роҳи илмомӯзӣ бо дастгирии устодон ба муваффақиятҳои арзанда ноил  хоҳам шуд.

Ин ҳама дастгирию муваффақиятҳоро истиқлолият ба мо додааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем барои ободии ин диёр сарбаландона хизмат кунем.

Агар имкон мешуд дар интихоботи Президентӣ иштирок кунам, ман ба Пешвои маҳбуби худ Эмомалӣ Раҳмон овоз медодам ва ҷонибдори сулҳи пойдори Тоҷикистонам. Зеро дар фазои сулҳу субот зистан, дониш андӯхтан орзуи ҳамаи мо- тоҷикистониён аст.

Азиза ШОИМОВА,

хонандаи синфи 11-и

литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР ДДБ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР ДДБ

Маориф ва илм
БА ҶАВОНОНИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДӮСТИ ВИЛОЯТ ЭЪТИМОД ДОРЕМ

БА ҶАВОНОНИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДӮСТИ ВИЛОЯТ ЭЪТИМОД ДОРЕМ

Ҳокимияти давлатӣ

Аз бахти худ меболем

Маориф ва илм
Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хат ...

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хат ...

Хабарҳо, Маориф ва илм