Дар як сатр
» » ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

2-10-2020, 23:32

Рӯзи шанбеи гузашта раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварда, бо нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявидошта, Қаҳрамони меҳнат Гавҳарбӣ Пиракова ва Корманди шистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Мирзоалиев вохӯрӣ намуда, аз зиндагӣ ва ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуд.

Гавҳарбӣ Пиракова аз зумраи он нафароне аст, ки умри бобаракати худро сарфи пешаи кишоварзӣ намуда, аз касби деҳқонӣ нон хӯрдаву фарзандони худро ба камол расонидааст. Замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сардори бригадаи пахтакории комсомолҷавонон буд, ҳамзамон, бо мошини пахтачинӣ пахта мечид. Барои меҳнати пурмаҳсул ва иҷрои нақшаи чиниши мошинии пахта сазовори унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардид. Ва имрӯз низ, ҳарчанд давлати пирӣ меронад, дар хоҷагии деҳқонии таъсисдодааш фаъолият менамояд. Ба фарзандонаш маслиҳату тавсия медиҳад, то аз замин соле ду-се ҳосил ҷамъ оваранд.

Қурбоналӣ Мирзоалиев бошад, баъди хатми Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон корро аз вазифаи агрономи хоҷагии овозадори ба номи Ленин (сарвараш Устоди пахтаи ҷумҳурӣ, шодравон Миралӣ Маҳмадалиев) оғоз намуда, зери роҳбарии ин марди наҷиб таҷрибаи фаровон омӯхт, дар вазифаҳои раиси собиқ хоҷагии ба номи Ғоиб Сафарзода, раиси ноҳияи Восеъ, раиси собиқ вилояти Кӯлоб фаъолият намудааст. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Имрӯз дар ҳалқаи фарзандони баору номӯсаш давлати пирӣ меронад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба нафарони номбурда дуруду паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, туҳфаҳои Сардори давлатро  тақдим намуд.

Қурбоналӣ Мирзоалиев ва Гавҳарбӣ Пиракова ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин қадрдонӣ изҳори миннатдорию сипос намуда, афзуданд, ки барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва меҳнатии ҷавонон минбаъд низ саҳми худ-ро мегузоранд.

Наҷот САФАРЗОДА, ноҳияи Восеъ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ МАЪЮБОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОМАД

РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ МАЪЮБОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОМАД

Ҳокимияти давлатӣ
АЁДАТИ ҚАҲРАМОНОН КОРИ САВОБ АСТ

АЁДАТИ ҚАҲРАМОНОН КОРИ САВОБ АСТ

Чеҳранигорӣ
РАИСИ ВИЛОЯТ: «КОРҲОИ СОЗАНДАГИРО ВУСЪАТ БАХШЕМ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «КОРҲОИ СОЗАНДАГИРО ВУСЪАТ БАХШЕМ»

Ҳокимияти давлатӣ
РАИСИ ВИЛОЯТ: «КОРҲОИ СОЗАНДАГИРО ВУСЪАТ БАХШЕМ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «КОРҲОИ СОЗАНДАГИРО ВУСЪАТ БАХШЕМ»

Ҳокимияти давлатӣ
Родмарде аз ёва

Родмарде аз ёва

Чеҳранигорӣ