Дар як сатр
» » МАРДУМФИРЕБ БА ДАСТ АФТОД

МАРДУМФИРЕБ БА ДАСТ АФТОД

26-08-2020, 20:44

Мардумфиребӣ рафтори зишт ва берун аз марзи кирдори инсонӣ буда, иҷрокунандаи ин амал агар дар назди виҷдон хиҷолат нашавад, дар назди қонун ҳатман ҷавоби кирдори содирнамудаашро медиҳад.

Шарбатов Акрам, ҳангоми дар мансаби сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён адои вазифа карданаш бо шаҳрванд Абдураҳмонова Марал шинос мешавад. Дар рафти суҳбат маълум мешавад, ки ба номбурда дипломи ихтисосҳои дӯзандагӣ ва кадбонугӣ лозим аст. Шарбатов А. худро шахси мансабдор муаррифӣ карда, дидаю дониста, ки ваколати тайёр кардани дипломҳои мазкурро надошт, ба хотири бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағи муфт ӯро бовар кунондааст, ки бар ивази 10 ҳазор сомонӣ мушкилоташро ҳал мекунад.

Судшаванда бо ин васила ба боварии Абдураҳмонова М. даромада, маротибаи аввал дар назди муҷассамаи И. Сомонии шаҳри Бохтар маблағи 2650 сомонӣ, маротибаи дуюм дар назди бозори "Фаровон”-и шаҳри Бохтар 350 сомонии корафтодаро гирифта, овардани 7 ҳазор сомонии боқимондаро шарт мегузорад. Ҳамин тариқ, охирон маротиба барои кирдори ҷинояткоронаи худро ба анҷом расонидан бо Абдураҳмонова Марал вохӯрда, бо роҳи фиреб аз ӯ маблағи 7 ҳазор сомониро аз худ мекунад, ки дар ҷойи ҳодиса аз тарафи кормандони РАНДМ ва МК дар вилояти Хатлон дастгир мешавад.

Шарбатов Акрам Ширинович дар содир кардани ҷиноят мутобиқ ба моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, бо далели он, ки оиладор ва дар тарбияаш ду фарзанд дорад, бо дастрасии моддаи 63-и ҳамин кодекс нисбаташ ҷазои сабуктар-дусад нишондиҳанда, баробар ба ёздаҳ ҳазору шашсад сомонӣ, ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.

Дурандеш ИБРОҲИМЗОДА,

судяи Суди шаҳри Бохтар


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАИСИ ХОҶАГӢ ҶАРИМА ШУД

Ҳуқуқу амният

ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

Ҳуқуқу амният

БОЗДОШТИ МУҲАНДИС - ЗАМИНСОЗ БО ГУМОНИ ҚАЛЛОБӢ

Хабарҳо

Боздошти зани 40-сола бо гумони қаллобӣ

Хабарҳо

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТ БО ГУМОНИ ТАЛАБИ ПОРА

Хабарҳо