Дар як сатр
» » ДУ ДАСТАИ ВИЛОЯТ НОКОМ ГАШТ

ДУ ДАСТАИ ВИЛОЯТ НОКОМ ГАШТ

26-08-2020, 20:42

ДУ ДАСТАИ ВИЛОЯТ НОКОМ ГАШТ

Рӯзи 24-уми августи соли 2020 бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гаштанд.

Тими мунтахаби "Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар доираи ин давр дар варзишгоҳи "Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бо дастаи "КМВА”-и шаҳри Душанбе сабқат намуд. Вохӯрии дастаҳо хеле пуршиддат сурат гирифт, аммо ба задани гол даст наёфтанд. Ҳамин тавр дар ин вохӯрӣ дастаҳо имтиёзҳоро миёни худ тақсим намуданд.

Дастаи "Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бошад, дар сафар бо тими "Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дидор анҷом дод. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯриҳои даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футбол миёни дастаҳои "Файзканд” - "КМВА” ва "Душанбе-83”- "Хатлон”, ки бояд рӯзҳои 28-29-уми август доир мегардиданд, ба рӯзҳои 7-8 ва 11 сентябр гузаронида мешаванд.

Фирдавс Умаров,

коромӯзи «Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУСОВӢ ДАР САФАР

Ҷавонон ва варзиш
«ХАТЛОН» ЧЕМПИОНАТИ ИМСОЛАРО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ НАМУД

«ХАТЛОН» ЧЕМПИОНАТИ ИМСОЛАРО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ НАМУД

Ҷавонон ва варзиш

«МОҲИР»-И ЁВОН БА ЛИГАИ ЯКУМ РОҲХАТ ГИРИФТ

Ҷавонон ва варзиш

«Хатлон» ва «Панҷшер» соҳиби якхолӣ шуданд

Хабарҳо

«ПАНҶШЕР» «БАРҚЧӢ»-РО ШИКАСТ ДОД

Хабарҳо