Дар як сатр
» » МАКОНИ БОЭЪТИМОДИ КАДРҲОИ БОЛАЁҚАТ

МАКОНИ БОЭЪТИМОДИ КАДРҲОИ БОЛАЁҚАТ

26-08-2020, 20:41

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз муассисаҳои олие маҳсуб меёбад, ки ҳамасола дар самти таъмин намудани соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо кадрҳои лаёқатманд нақши созгор мегузорад. Донишгоҳи мазкур дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тавонист, ки худро бо хубӣ муаррифӣ намояд ва имрӯз ин ҷо донишҷӯён аз дохилу хориҷи кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Доир ба ҳолати омодагӣ ба соли нави таҳсил ва нақшаҳои оянда ба таълимфарогирии донишҷӯён ба ин муассисаи олӣ роҳбари он Сайфиддин Давлатзода ба мухбирамон чунин гуфт:

- Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар вилояти Хатлон яке аз калонтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат маҳсуб меёбад. Айни ҳол дар 12 факултети донишгоҳ барои 8000 ҷойи нишаст дар як баст омода буда, саҳни биноҳои таълимӣ бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва 10000 бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ оро дода шудаанд. Метавон гуфт, ки донишгоҳ бо омодагии комил ба соли нави таҳсили 2020-2021-ро оғоз бахшид.

Бояд қайд намуд, ки донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳошартномаи тарафайнро ба имзо расонида, дар асоси он раванди ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагонро ба роҳ мондааст. Дар соли таҳсили 2019-2020 донишгоҳро 1577 нафар донишҷӯ хатм намуд, ки ба муассисаҳои таълимӣ барои кор фиристода шуданд. Гузашта аз ин, хоҳишмандони равияи омӯзгорӣ барои таҳсилоти фосилавӣ гузаштан бо мақсади дар МТМУ-и шаҳру ноҳияҳо ҳамеша дастгирӣ меёбанд.

Дар хобгоҳи умумии донишгоҳ як бинои чорошёна мавриди истифода қарор дода шудааст. Хобгоҳ дорои 520 ҷойи зист буда, истиқомат дар он барои ятимони кулл ва маъюбони гурӯҳи 2-юм ройгон аст. Дар ҳар як ошёнаи хобгоҳ барои дастрасӣ доштани донишҷӯён бо хӯроки гарм ошхонаи муҷаҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ омода гардидааст. Вале ин имкониятҳо барои қисмати беши донишҷӯён дастрас нест. Бо бунёди бинои нав ин мушкилӣ рафъ хоҳад гашт.

Ҳамарӯза дар назди даромадгоҳҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав нуқтаҳои назоратии тиббӣ ташкил карда шуда, табибон тавассути ҳароратсанҷҳои электронӣ ҳарорати бадани донишҷӯёну омӯзгорон ва шаҳрвандонеро, ки вориди донишгоҳ мешаванд, месанҷанд. Риояи фосилаииҷтимоӣ, пӯшидани ниқобҳои санитарӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ пайваста аз ҷониби шахсони мутасаддӣ назорат карда мешавад. Гирду атрофи донишгоҳ мунтазам тавассути маҳлулҳои зиддивирусӣ безарар гардонида мешаванд. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, баробари саршавии соли нави таҳсил тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди таълим амалӣ намуд. Бо ин мақсад, мавҷуд буд, ки дар бунгоҳи тиббии донишгоҳ беш аз 4000 ниқобҳои тиббӣ, ки дар маркази касбомӯзии назди факултети технология омода шудааст, бо оғоз шудани раванди таълим ба донишҷӯён ройгон тақсим карда мешуд. Ҳамчунин, тамоми биноҳои таълимӣ пеш аз оғози соли таҳсил бо маҳлулҳои махсус безарар гардонида шуда, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зери назорат қарор гирифтаанд.

Донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳками моддию таълимии муосир, неруи пурқуввати илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотию инноватсионӣ мебошад. Бо мақсади такмили инфрасохтори мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таълим танҳо дар се соли охир дар донишгоҳ биноҳои нави таълимӣ барои 3000 ҷойи нишаст дар як баст, як маҷмааи варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавии тамрин, бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, дастоварди беназир ба ҳисоб меравад. Дастовардҳои илмии устодону донишҷӯён низ дар соли 2020 назаррасанд.

Имрӯз мушкилоти кофӣ набудани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ дар донишгоҳ мавҷуд аст, вале бо сохта шудани бинои асосии донишгоҳ, ки санги асоси он моҳи июли соли 2017 аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, воқеъ дар мавзеи собиқ коллеҷи омӯзгории донишгоҳ гузошта шуда буд, рафъ хоҳад шуд. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқшуда ин иншоот иборат аз як бинои 11-ошёна ва ду бинои 7-ошёна ба нақша гирифта шуда, маблағи он қариб сад миллион сомониро ташкил медиҳад, ки имрӯзҳо сохтмони пойдевори он идома дорад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши кормандони соҳаи маориф ва стипендияи донишҷӯён аз 1-уми сентябри соли 2020 боз ба андозаи 15% баланд бардошта мешавад, ки аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба ин соҳа дарак медиҳад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо омӯзгорони донишгоҳ дар болоравии сатҳу сифати таълиму тарбияи мутахассисони оянда дучанд заҳмат хоҳанд кашид. Устодони донишгоҳ дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонун аз аттестатсия мегузаранд ва барои фаъолияти минбаъдаашон иҷозатнома мегиранд. Чунин раванд беҳтаршавии таълиму тарбия таъсири мусбӣ мерасонад. Дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат раёсати донишгоҳ дар панҷ соли охир маоши кормандонро ба маротиб вобаста ба унвон ва дараҷаи илмӣ аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошта, дар ин самт донишгоҳ на танҳо дар байни муассисаҳоиолии касбии ҳудуди вилоят, балки дар ҷумҳурӣ аз пешсафҳо маҳсуб меёбад.

Роҳбарияти донишгоҳ минбаъд низ ба масъалаи такмили ихтисоси устодон диққати ҷиддӣ равона хоҳад кард. Ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва марказҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҷалби лоиҳаҳои инвеститсионӣ, дарёфти грантҳо дар доираи Барномаи рушд барои солҳои 2020-2021 яке аз вазифаҳои муҳими минбаъдаи донишгоҳ маҳсуб мегардад.

С. АЗИЗОВ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

М. Шодиён: «иттиҳомоти пойгоҳи «Диссернет» асоснок нест»

М. Шодиён: «иттиҳомоти пойгоҳи «Диссернет» асоснок нест»

Маориф ва илм
Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА