Дар як сатр
» » МАРҲИЛАИ НАВИНИ РУШДИ МАКТАБУ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

МАРҲИЛАИ НАВИНИ РУШДИ МАКТАБУ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

26-08-2020, 20:41

Соли нави хонишро маорифчиёни ноҳияи Вахш бо хушӣ истиқбол гирифтанд. Бинои МТМУ №14, бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоӣ ва маблағгузории Тоҷикистон, барои таҳсили 2110 хонанда дар як басти таълимӣ бун-ёд гардидааст.

Ҳамчунин, МТМУ №7 мавриди истифода қарор дода мешавад. Лоиҳаи мактаби навбунёд бо маблағгузории 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби кишвари Арабистони Саудӣ амалӣ гардида, он аз 11 синфхонаи таълимӣ ва якчанд ҳуҷраҳои дигари хизматрасонӣ иборат мебошад.

Ба гуфтаи Сайфиддин Валиев, мудири маориф, дар ноҳияи Вахш 66 муассисаи тахсилоти миёнаи умумӣ арзи вуҷуд дорад, ки дар онҳо 44 ҳазору 909 хонанда таҳсил менамоянд. Дар баробари бунёди мактабҳои нав дар соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 15 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Дар баробари бунёди мак-табҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузории шарикони рушд инчунин, аз ҳисоби саҳмгузорииаъзои КИ ҲХДТ ва узви фаъоли ҳизби мазкур Саъдулло Ҷӯраев бунёди бинои нави МТМУ №47 иборат аз 15 синфхона дар назар дошта шудааст. Итминон дорем, ки дар солҳои наздик муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 низ аз се баст бароварда мешавад.

Бинобар маълумотҳои манбаъ дар ноҳияи Вахш 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 23 Маркази рушди кӯдак арзи вуҷуд доранд. Дар умум, ба истиснои норасоии 10 нафар омӯзгорони фанҳои физика, кимиё ва биология боқӣ мушкилиҳои соҳаи таълиму тарбия роҳи ҳаллу фасли худро пайдо карда истодаанд.

С. Ҷамолиддин




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

Маориф ва илм

АМАЛИСОЗИИ 12 ЛОИҲАИ МАКТАБӢ ДАР ХАТЛОН

Хабарҳо

АЗМИ БУНЁДИ 510 ИНШООТИ ТАЪЛИМИИ ҶАШНӢ ДАР ВИЛОЯТ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм