Дар як сатр
» » УСТО САИДИ ТАБАҚТАРОШ

УСТО САИДИ ТАБАҚТАРОШ

26-08-2020, 20:40

Саид сӣ сол пеш ба тарошидани қошуқу кафлез, думра сар карда буд. Ҳарчанд падар устои сехи тахтабурии совхоз буд, ӯ мехост касби бобояш Досро, ки зодаи деҳаи Тихоро аст, эҳё кунад. Аз ин хотир, бе ягон устоду мураббӣ ба ин шуғл меҳр басту ба қатори устоҳои чирадаст баромад. Агар илҳом ояду кор хуб пеш равад, дар як рӯз дилхоҳ табақро омода месозад. Устохонааш як лаҳза ором нест. Шумораи табақҳои тарошидаю ба корафтодагон додааш низ аз 4 ҳазор адад гузаштаанд. Табақҳояш аз чӯбҳои тут, зардолу, қарағоч, чормағз, чанор ва ғайраанд. Лекин аз ҳама бақуввату зебо ва хушхаридаш аз чӯби чормағзу қарағоч аст. Усто Саид ҳафт фарзанд дорад. Чор фарзанди калониаш аллакай ин ҳунарро аз худ кардаанд.

Усто Саид Досов дар чандин озмуну азназаргузарониҳо ширкат варзида, соҳиби мукофотҳо шудааст. Касбашро сайқал дода, боз аз устоҳои дигар шаҳру ноҳияҳо меомӯзад. Аҳли хонавода зиндагии осоишта доранд.

Сафи мизоҷони ин устои пухтакору гулдаст рӯз ба рӯз меафзояд.

Нурулло Ҳасанов,

ноҳияи Муъминобод




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Беҳтарин тарабгоҳ устохонаи ман аст»

«Беҳтарин тарабгоҳ устохонаи ман аст»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Пешаи нодир

Пешаи нодир

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Ҳунар аз ганҷу мероси падар беҳ

Ҳунар аз ганҷу мероси падар беҳ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ