Дар як сатр
» » ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ САМТИ МУҲИМИ ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРОРӢ

ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ САМТИ МУҲИМИ ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРОРӢ

26-08-2020, 20:36

Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри иҷрои Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармонҳои дахлдори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Сардори давлат ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша ва чорабиниҳои дахлдор тартиб дода, дар ин асос саҳми босазои худро дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мегузорад.

Кормандони прокуратура дар ин давра махсусан ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, фаҳмонидани моҳияти терроризму экстремизм ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, дастовардҳои замони истиқлол ва ғайраҳо аҳамияти махсус додаанд. Оид ба ин масъала, ҳамчунин аз тарафи гурӯҳи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуоти прокуратураи вилоят дарҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Ёвон, А.Ҷомӣ ва Муъминобод ва шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант як қатор мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонии ноҳияҳои Ёвон, А.Ҷомӣ, шаҳри Бохтар, беморхонаи марказии шаҳри Бохтар вохӯриҳо доир карда шуданд.

Қайд бояд намуд, ки дар ин раванд аввали соли равон дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии кормандони прокуратура бо донишҷӯён доир гашта, дар ҳузури бештар аз 100 нафар журналистону омӯзгорони оянда оид ба фаъолияти прокуратура дар роҳи пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, сиёсати давлатӣ вобаста ба ҷавонон ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва оилаҳо тибқи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ва ҳамкории ин мақомот бо васоити ахбори омма баромад намуданд.

Оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза ба муқобили ҷиноятҳои гардиши ғариқонунии моддаҳои мухаддир, коррупсия, пешгирии ҷараёнҳои терроризмва ифротгароӣ, шомилшавиии ҷавонон ба чунин равияҳо ва иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, фаҳмонидани нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат доири моҳияти «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизим ва терроризм барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили ҷиноятҳои коррупсионӣ барои солҳои 2013-2020», Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии кишвар низ дар шаҳру ноҳияҳо баромадҳои кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 9 апрели соли 1997 зери №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони фаврии дастгоҳи маркази прокуратураи вилоят тавассути расонаҳои хабарӣ оид ба моҳияти қонунгузориҳои кишвар, тағйироту иловаҳо ба онҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, мубориза ба муқобили қонунвайронкуниҳо баромад менамоянд.

Ба масъалаи риояи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 7-уми феврали соли 2009, таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» диққати ҷиддӣ дода шуда, маводҳои чопгашта пайгирӣ карда мешаванд. Аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят толорисудӣ низ ҳамчун воситаи пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди он ва ҳамчунин воситаи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонистифода бурда мешавад. Дар ин муддат аз тарафи судҳои вилоят дар маҷлисҳои сайёри судӣ 205 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст, ки дар онҳо айбдоркунандаи давлатӣ иштирок доштанд. Дар танаффуси судӣ онҳо дар назди иштирокчиёни мурофиа баромад карда, моҳияти хавфнокии ҷиноятҳои содирнамудаи судшавандагон ва сабабу шароитҳоеро, ки ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидат кардаанд, фаҳмонида додаанд.

Дар ин самт аз ҳама бештар кормандони прокуратураҳои ноҳияҳои Ёвон, Восеъ, Қубодиён,Ҷ.Балхӣ, Шаҳритуз, Вахш ва Панҷсаҳм гузоштаанд. Гузаронидани ҷаласаҳои судҳои сайёр барои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳимро мебозанд. Аз ин рӯ, прокуратураи вилоят барои фаъолнокии онҳо ва ширкати пайвастаи прокурорҳо дар ҷаласаҳои судҳои сайёр пайвас-та таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҳти №691 аз санаи 9.04.1997«Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 383 аз санаи 22.08.1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ»ва Барномаи «Таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ имконият медиҳад, ки донишҳои ҳуқуқии аҳолӣдар замони асри нанатехнологияи зудрушдёбанда ба дараҷаи лозима боло бардошта шавад.

Ин масъала низ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи имрӯзаи кишвари мо буда, дар ин асос кормандони прокуратураи вилояти Хатлон пайваста саҳми арзандаи худро дар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ хоҳанд гузошт.

В. Зайниддинов,

ёрдамчии калони

прокурори вилоят оид ба таъминоти ҳуқуқӣ,

мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот, мушовири адлияи дараҷаи 1




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баррасии масъалаҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

Ҳуқуқу амният

Баррасии масъалаҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

Ҳуқуқу амният
Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Тадбирҳо оид ба роҳандозии маърифати ҳуқуқӣ

Тадбирҳо оид ба роҳандозии маърифати ҳуқуқӣ

Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР