Дар як сатр
» » КӮЛОБ: БУНЁДИ 873 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

КӮЛОБ: БУНЁДИ 873 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

26-08-2020, 20:35

Баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби маблағ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохта ба истифода супоридани 873 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора то имрӯз 289 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Фаридун” бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмониро дар бинои беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ вусъат бахшида истодаанд. Барои хушсифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ анҷом додани корҳо техника ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шудааст. Фаридун Шамсов, сармуҳандиси ҶДММ "Фаридун” зимни суҳбат бо мо чунин иброз дошт: "Дар иншоот 25 нафар сокинони маҳаллӣ кору фаъолият дошта, бо маоши хуб, хӯроки гарм ва сару либос таъмин мебошанд”.

Давоми солҳои охир дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони хонаҳои баландошёна шурӯъ гардидааст. ҶДММ "Хосор-С” аллакай дар шаҳри Кӯлоб як бинои панҷошёнаи истиқоматиро ба истифода супорида, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сохтмони бинои истиқоматии 9 ошёнаро идома дорад. ҶДММ "Бунёд-2” бошад, дар маркази шаҳр корҳои оҳану бетониро дар ошёнаи шашуми бинои истиқоматии нуҳошёна ба анҷом расонидааст. Бинокорон мақсад доранд, ки дар ин мавзеъ боз ду бинои нуҳошёнаи дигарро сохта, ба истифода супоранд. Дар иншооти мазкур беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Муҳиддин Сафаров мегӯяд: "Солҳои пеш барои кор ба давлати Россия мерафтем. Ҳоло бошад, дар ватани худамон сохтмонҳо рафта истодааст. Се сол боз бо дигар сохтмончиён дар бунёди иншооти гуногун дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дорем.”

Корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот, аз ҷумла бинои нуҳошёнаи хобгоҳ барои 700 ҷой дар коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷонибисохтмончиёни ҶДММ "Марво” идома дорад. Ба иттилои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Кулоб аз рӯи нақша то 9-уми сентябри соли ҷорӣ 26 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад.

 

Ш. Сафарзода




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗМИ БУНЁДИ 360 ИНШООТ ТО СОЛИ 2021

Ҳаёти иҷтимоӣ

ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

Иншооти нав дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо