Дар як сатр
» » Парчами миллӣ рамзи иқболу истиқлоли мардуми мост

Парчами миллӣ рамзи иқболу истиқлоли мардуми мост

24-11-2017, 08:09

Парчами миллӣ рамзи иқболу истиқлоли мардуми мост

Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

Аз ин рў, ҳар як фарди ҷомеа, бахусус, насли ояндасози миллат бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳар як халқу миллати соҳибдавлат дорои рамзу нишон ва дигар махсусиятҳои давлатдорӣ мебошад. Ин аломатҳо ифодагари хусусиятҳои хоси давлатдории ҳамон халқ буда, барои наслҳои ин миллатҳо мояи ифтихор ва эҳтироми абадӣ қарор мегиранд. Яке аз ин рамзҳои давлатдорӣ парчами миллӣ мебошад. Дар асрҳои миёна роиҷ будани расми парчамбардорӣ дар байни мардуми мо дар сарчашмаҳои таърихӣ инъикоси худро ёфтааст.
Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», ки намунаи осори барҷастаи ватандўстию тарғибгари некию мардонагист, зимни ба тасвир додани муборизаи қувваҳои некӣ бар зидди бадӣ ёдовар шудааст, ки Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш карда, халқи ситамдидаро ба мубориза бар зидди душман даъват намуд. Ҷолибият ва бузургии парчами халқи тоҷик низ аз ҳамон давра зуҳур ёфтааст:

Аз он чарм к-оҳангарон пушти пой,
Бипўшанд ҳангоми захми дарой.
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
Хўрушон ҳамерафт найза ба даст,
Ки: «Эй номдори яздонпараст».
Фурўҳишт з-ў сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дирафш».


Боло бардоштани парчами Кова, ки таҷассумгари зери як матои муқаддас ба ҳам овардани мардум буд, то имрўз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, сол то сол қадру қиммати он зиёда мегардад.

Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, ҳамчунин ливои озодӣ ҳанўз то ҳуҷуми арабҳо ва густариши ислом дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳур буд.

Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон масъалаи тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ба миён овард. Ҳанўз 12 ноябри соли 1991 Президуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти Эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва дархости халқ, эълон намудани озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатиро зарур дониста, қарор қабул карду низомномаи онро тасдиқ намуд. Дар натиҷа ба комиссия зиёда аз 200 тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз ин ҳама пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчами пешниҳоднамудаи муаллиф Маҳмадулло Сайдалиев ҷойи аввалро соҳиб шуда, Парчам барои тасдиқ ва қабул ба Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 қабул намуд.

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 24-уми ноябр рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо меҳру садоқати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин бесабаб нест, зеро парчам нишонаи муҳимму арзишманди фарҳанги ҳар як миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар ниҳоди он асроре ниҳон аст, ки ҳар як фардро ба ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ даъват менамояд.

Ранги сурхи Парчам – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Шоир Хайрандеш дар шеъри волояш бо номи «Парчами миллат» рангҳо ва тоҷу ситораи Парчами давлатиро ифодагари ҳувияти миллӣ ва тамаддуни бостонии мардуми тоҷик маънидод кардааст. Чунончи, ў ранги сурхро ба хуни қаҳрамонони миллӣ нисбат додааст, ки «камар ба сидқ чу дар кори ҳақ бубаста, хунашон ба рўйи парчами давлат ранги шафақ бастааст»:

Ин рўйи сурхи мост, камоли ҷамоли мост,
Барқи нишоти лаҳзаи базми висоли мост.


Ранги сафеди парчамро шоир Хайрандеш ба рамзи субҳи муроду бахт, субҳи нишоту тараб ва субҳи тоҷу тахт нисбат додааст:

Роҳи сафеду тўшараҳу манзили сафед,
Ақли сафеди ишқи сафеду дили сафед.
Нур аст рўшаниву умед асту ормон,
Умеду орзуи Замин асту Осмон.


Ҳамин тавр, шоир ранги сабзи парчамро рамзи ҷилваву сарсабзии ҳаёт, «рамзи нишоту офияти хоку коинот» номидааст:

Рамзи ривоҷу фазли хирад, авҷи кору бор,
Рамзи ривоҷи санъату илму фани диёр.
Сабз аст боғу решаву барги дарахти мо,
Сабз аст ҷому Оинаву Тоҷу Тахти мо.


Эҳсоси муҳаббати самимӣ ба парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ мегардад, ки агар бидуни расмият ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро самимона ба ҷо оварад. Барои пайдо шудани эҳтиром ва самимияти пок бояд аз таърихи ин муқаддасоти миллӣ огаҳӣ ёфт.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Қобили зикр аст, ки манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчам» номгузорӣ шуд. Яъне 30-юми августи соли 2011 рўйдоди хеле муҳиму фараҳбахш - барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр ва андозаи 60х30 ба вуқўъ пайваст ва он дар китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин сутуни Парчам дар дунё сабт гардид.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Парчам ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Парчам яке аз муқаддасоти миллист

Парчам яке аз муқаддасоти миллист

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
«Парчами давлатӣ нишонаи ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ас ...

«Парчами давлатӣ нишонаи ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ас ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Д. Гулмаҳмадзода: Парчам матои одӣ нест (аксҳо ва видео)

Д. Гулмаҳмадзода: Парчам матои одӣ нест (аксҳо ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Сиёсат, Хабарҳо