Дар як сатр
» » ОБОДКОРИҲО ДАР ДЕҲОТИ САНГТӮДА

ОБОДКОРИҲО ДАР ДЕҲОТИ САНГТӮДА

26-08-2020, 20:34

Бунёди иншооти гуногун бо тарҳи муосир ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара боиси ободиву шукуфоии ин гӯшаи зархези ватан гардидааст.

Сокинони бунёдкор, соҳибкорони саховатманду ҷавонмардони баору номуси деҳоти Сангтӯда дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тадбирҳо оид ба амалисозии ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо мақсади татбиқи дастурҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тозагию ободонӣ ва шукуфоии диёр талош меварзанд. Бунёду навсозӣ, ободонию созандагӣ, сабзгардонӣ, тозаю дилкаш кардани ҳар кӯчаю маҳалла аз самтҳои муҳими кори сокинон мебошанд.

Тибқи маълумот, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ дар деҳоти Сангтӯда бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун ва барои хоҷагии халқи деҳот муҳим дар назар аст. То имрӯз аксари онҳо бунёду навсозӣ шуда, аллакай, ба сокинон хизмат мерасонанд.

Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ сохтмони ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Навобод ва Нурофар бо сифати баланд ба анҷом расид. Навсозии биноҳои марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ, аз як тараф барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар метавонад ҷойҳои нави кориро фароҳам орад. Агар то имрӯз дар марказҳои саломатии деҳаҳо ҳамагӣ ду - се корманди тиб фаъолият доштанд, баъди бунёди бинои нав шумораи табибону ҳамшираҳои шафқат ба 10 - 12 нафар расида, кори духтурон то андозае сабук гардид.

Инчунин, ба наздикӣ дар доираи корҳои созандагӣ маркази хизматрасонии муосир аз ҷониби соҳибкор Бахтовар Элҷонов дар деҳаи Сангтӯда бунёд ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард. Марказ дуошёна буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва тарабхона мебошад. Баъди ба истифода додани марказ 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.

Ба масъалаи таъмиру тармими роҳҳо ва чароғонкунӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ ва ҷавонони саховатпеша қариб 8 километр роҳи деҳаи Нурофарро асфалтпӯш карданд. Рӯзҳои наздик аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мирзо Саидов, дар маҷмӯъ, асфалтпӯш ва чароғоннамоии беш аз 10 километр роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳои деҳаи Навобод ба анҷом мерасад. Сокинони маҳаллӣ низ аз ин амалҳои ободкоронаи соҳибкорон илҳом гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тариқи ҳашар ба тоза кардани роҳ, ҷӯйҳо, сафед кардани дарахтон, рангубори хонаву дар ва деворҳои гирди ҳавлии худ шурӯъ карданд. Дар ин самт низ соҳибкорону ҷавонмардони саховатпеша ба оилаҳои шароиташон маҳдуд ёрӣ мерасонанд.

Дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ, дар деҳаи Сангтӯда корҳои сохтмонии чойхона, коргоҳи дӯзандагӣ, филиали Бонки давлатии амонатгузорӣ - «Амонатбонк», марказҳои хизматрасонӣ дар деҳаҳои Гулистон, Навобод, Булакдашт,дар деҳаи Нурофар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дар деҳаи Зарнисор бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иншооти дигари ҷашнӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Ҳасан Абдуалиев, Насриддин Бобохонов, Дилшод Наботов, Шараф Эшпӯлотов, Раҷаб Давлат, Бахтовар Ибодуллоев, Абдулазиз Саидов бомаром идома доранд. Табиати деҳоти Сангтӯда барои бунёди боғ мувофиқ буда, дар ҳудуди он садҳо гектар боғ мавҷуд аст, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо меваи хушсифат мусоидат менамояд. Танҳо давоми ду соли охир беш аз 11 гектар боғи нав бунёд шудааст.

Сокинони деҳоти Сангтӯда аз бунёди иншооти нав, ки боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, шароити таълим ва, дар маҷмӯъ, ҳалли мушкилот гардид, хурсанд буда, аз соҳибкорону шахсони саховатманди деҳот, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти корҳои ободониву созандагии деҳот пайгирӣ менамоянд, миннатдоранд. Зеро бештари иншооте, ки имрӯз аз ҷониби онҳо эъмор гардида истодаанд, қаблан орзую омоли мардум буд.

Ҳ. ИСМАТ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАМАДОНӢ. 196 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Ҳаёти иҷтимоӣ

Дар Ховалинг 330 иншоот бунёду навсозӣ мешавад

Хабарҳо

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ
Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Тандурустӣ ва экология