Дар як сатр
» » КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ҲАМАДОНӢ ВА ХОВАЛИНГ

КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ҲАМАДОНӢ ВА ХОВАЛИНГ

26-08-2020, 20:33

Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода мебаранд ва барои бардоштани ҳосили фаровон тавсияи мутахассисонро пайгирӣ менамоянд.

Саҳмдорони Кооперативи тиҷоратии "Агроглобал” дар Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод”-и ноҳия ҳосили аввали маҳсулоти кишоварзиро ҷамъоварӣ намуда, кишти такрорӣ гузарониданд. Вобаста ба дастуру супоришҳо ва зиёд будани талаботи аҳолӣ ба картошка имсол дар кишти такрорӣ картошка шинонидаанд.

Кишоварзон аз ҷиҳати таъмин бо оби полезӣ мушкилӣ надоранд. Зеро идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар мавсими обёрӣ хоҷагидоронро мунтазам бо оби полезӣ таъмин менамояд. Аз ин рӯ, ҳамасола деҳқонон кишти такрории маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд. Эмомалӣ Азимов, раиси Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод”, чунин мегӯяд: «Имсол хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҷамоат аз нақшаи дурнамо зиёд кишти такрорӣ гузарониданд. Дар кишти такрорӣ бештар шолӣ, лӯбиёгиҳо ва ҷуворимакка кишт карданд. Барои таҷриба дар майдони беш аз 13 гектар кишти такрории картошка гузаронида шудааст».

Деҳқонон мегӯянд, агар ҳосили аввал барои пардохти хароҷотҳо сарф шавад, ҳосили кишти такрорӣ пурра ба фоидаи хоҷагӣ ва саҳмдорон аст. Барои ҳамин мебояд майдони кишти такрориро зиёд карда, дар як мавсим то се маротиба ҳосил бардошт, то эҳтиёҷоти оиларо қонеъ гардонида, зиёдатии маҳсулотро ба савдо баровард.

Иқлими ноҳияи Ховалинг барои рушди чорводорию боғдорӣ ва зироаткорӣ хеле мусоид аст. Аз ин рӯ, деҳқонон мекӯшанд бештар ин соҳаҳоро ривоҷ бахшанд. Абдулхайр Абдулҳамидов дар хоҷагии деҳқониаш панҷ гектар замин дорад, ки дар бештари он боғ бунёд кардаанд. Давоми ду- се соли охир бар асари тағйирёбии иқлим ва пайдоиши касалию ҳашароти гуногун меваи боғ талаф меёбад. Барои самаранок истифода бурдани замин ва пӯшонидани хароҷоту фоида овардан, дар байни қатори дарахтон зироаткорӣ мекунанд. Абдулхайр соли гузашта дар байни қатори дарахтон дар майдони 7 садяк замин картошка кишт карда, 2,5 тонна ҳосил ба даст овардааст. Имсол бошад, майдони кишти картошкаро ба 15 садяк замин расонидааст. Дар баробари картошка бо саҳмдоронаш дигар намудани зироатро парвариш менамоянд.

Абдулхайр замини назди-ҳавлигиашро низ самаранок истифода мебарад. Дар замини наздиҳавлигӣ қаламфури тезу булғорӣ, помидору бодиринг, лӯбиёгиҳо ва дигар намуди маҳсулот парвариш намуда истодааст. Имсол барои таҷриба баъди ҷамъоварии ҳосили аввал дар кишти такрорӣ лӯбиё шинонидаанд ва агар то охири мавсим пухта расад, соли оянда майдони кишти такрориро васеъ менамоянд. Баъди ҷамъоварии картошка бошад, тухмии бештар захира намуда, оянда майдони киштро ба як гектар мерасонанд.

Ш. Сафарзода

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИДОМАИ КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ВИЛОЯТ

ИДОМАИ КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ВИЛОЯТ

Арсаи кишоварзӣ

ДАСТОВАРДҲОИ ИМРӮЗА ҲАДДИ НИҲОӢ НЕСТАНД

Ҳаёти иҷтимоӣ
Идомаи кишти такрорӣ дар вилоят

Идомаи кишти такрорӣ дар вилоят

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ
Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА