Дар як сатр
» » ИДОМАИ КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ВИЛОЯТ

ИДОМАИ КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ВИЛОЯТ

26-08-2020, 20:32

Дар ҳама бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар майдони 128 ҳазору 169 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин 98,2% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 ҳазору 627 гектар зиёд мебошад.

Тавре ки Қутбиддин Халилов, мудири шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иброз дошт, аз майдони умумии кишти такрории гузаронидашуда 73226 гектар ғалладаонагиҳо, 16 928 гектар сабзавот, аз он ҷумла 5281 гектар сабзӣ, 2378 гектар бодиринг, 1395 гектар карам ва 6835 гектар намудҳои дигари сабзавотро ташкил медиҳанд.

- Ҳамчунин, то имрӯз дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят нақшаи кишти картошка 44,1% иҷро гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ аз 3510 гектар заминҳои кишти картошкаи тирамоҳӣ 802 гектари он ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 2708 гектар ба заминҳои наздиҳавлигии сокинон рост меояд. Тибқи дурнамо соли ҷорӣ майдони кишти такрории картошка дар вилояти Хатлон бояд ба 7 ҳазору 963 гектар расонида шавад.

Бинобар маълумотҳои мавҷуда дар доираи гузаронидани кишти такрории маҳсулоти кишоварзӣ, то имрӯз деҳқонони вилояти Хатлон дар майдони 5606 гектар полезиҳо, 1246 гектар офтобпараст, 800 гектар чормағзи заминӣ (арахис), 891 гектар кунҷит, 26130 гектар ҷуворимакка барои хӯроки сабзи чорвова дигар намуд зироатҳоро кишт намудаанд.

С. Ҷамолиддин,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Идомаи кишти такрорӣ дар вилоят

Идомаи кишти такрорӣ дар вилоят

Арсаи кишоварзӣ
КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ
Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА