Дар як сатр
» » Чорбоғ. 61 ХОНА ПУРРА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Чорбоғ. 61 ХОНА ПУРРА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

26-08-2020, 20:23

- Ба ҳолати 19-уми августи соли 2020 дар маҳалаи нав 61 манзил пурра ба истифода дода, дар 6 хонаи дигар корҳои андовакунӣ, насби дару тиреза ва рангуборкунӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, - гуфт Муҳаммад Азизулло, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон ва афзуд, ки бо мақсади анҷом додани сохтмони манзилҳои истиқоматии зарардидагон аз офати табиӣ ва барқарорсозии инфрасохтор дар мавзеъ бо сафарбарии қувваю воситаҳои дохилиноҳиявиюҷалби волонтёрон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.

Аз ҷумла, барои бо барқ таъмин намудани мавзеи нав-бунёд Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нуралӣ СКМ» 83 симчӯб оварда, дар ҷойҳои муайянгардида насб кард. Инчунин, 4 хатти баландшиддати барқ ва кашидани ноқилҳо ба анҷом расонида шуда, 69 ҳисобкунаки барқӣ ба хатти барқи манзилҳои истиқоматӣ васл гардиданд.

Дар робита ба таъмин гардидани шароити мусоиди зиндагӣ ва дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди деҳаи нав аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунгоҳи тиббӣ, иборат аз 4 ҳуҷраи корию як айвон бунёд гардида истодааст. Барои тезонидани кор дар самтибарқарорсозӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматии аҳолии зарардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои дахлдор ва соҳибкорон ҳамарӯза кумакҳо расонида мешавад.

С. АЗИЗОВ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КӮЛОБ: БУНЁДИ 873 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳаёти иҷтимоӣ
ХУРОСОН ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВ

ХУРОСОН ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ИШТИРОКИ ҲАЗОР НАФАР ДАР СОХТУСОЗИ МАНЗИЛҲОИ НАВ

Ҳаёти иҷтимоӣ
БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА ВА ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ МАҲАЛҲОИ  ОСЕБДИДА А ...

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА ВА ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ МАҲАЛҲОИ ОСЕБДИДА А ...

Ҳаёти иҷтимоӣ

ДАР МАРКАЗҲОИ САВДО БЕХАТАРИИ СӮХТОРРО ТАЪМИН НАМОЕМ

Ҳуқуқу амният