Дар як сатр
» » ШУКРИ ТОҶИКИСТОНИ ОБОДУ ОЗОД МЕКУНЕМ

ШУКРИ ТОҶИКИСТОНИ ОБОДУ ОЗОД МЕКУНЕМ

26-08-2020, 20:18

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 29 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Душвортарин муаммои мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи норасоии барқ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият Роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд ва хушбахтона ин масъала ҳалли худро ёфт. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

Бинобар ин дар роҳи таъмини истиқлолияти энер-гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукума-ти мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардад. Ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат боиси он гардид, ки кишвари мо, бори сеюм ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ин рушди инфрасохтор дар кишвар мебошад.

Роҳҳо пайвандгари миллат дар кишвари мо ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои аввали истиқлолият ҳамагӣ 42% роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 20% роҳҳои аҳамияти маҳал-лидошта мумфарш буданд, ки аз ин 73% дар ҳолати паст, 26% дар ҳолати миёна ва танҳо 1% дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд. Дар ин давра яке аз вазифаҳои соҳа бунёди инфрасохтори нақлиёт бо мақсади раҳоӣ намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба шумор мерафт. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф то имрӯз дар комплекси нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 31 км. нақб, 200 пул ва 190 километр роҳи оҳан сохтаву таҷдид шуда, терминали нав ва муосири мусофирбарӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва якчанд терминали мошинҳои мусофирбар ба истифода дода шуданд.

Ҳамин тавр, Истиқ-лолияти давлатӣ заминаи рушди устувори кишвари моро фароҳам оварда, асоси ҳамаи дастовардҳои бузургро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, ҳадафҳои умдаи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон дар хусуси андешаи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмин намудани густариши он, барои таҳкиму ташаккули шароити мусоид ҷиҳати инкишофи шахсият, ҷамъият, давлат ва таъмини амнияти онҳо заминаи мусоиде фароҳам меоранд.

Ҷашни 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2021 баргузор мегардад, мардуми шарифи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи олӣ ва бо корҳои ободонию созандагӣ истиқбол гирифтани ин ҷашни фархунда омодагӣ мебинанд.

Б.С.Қурбониён,

судяи Суди иқтисодии

вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Ҳокимияти давлатӣ
Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Ҳокимияти давлатӣ
Истиқлолият беҳтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил мебошад

Истиқлолият беҳтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил мебошад

Ҳокимияти давлатӣ
Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллат

Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллат

Хабарҳо

Шукри истиқлол мекунем

Ҳуқуқу амният