Дар як сатр
» » ХИЗМАТ БАҲРИ СИҲАТИИ ОММА

ХИЗМАТ БАҲРИ СИҲАТИИ ОММА

26-08-2020, 20:17

Б. Халилов,

сардухтури беморхонаи марказӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷти-моии аҳолии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Бо мақсади марҳила ба марҳила сохта ба истифода супоридани биноҳои нотамомибеморхонаи марказӣ дардоираи маблағҳои ба нақшагирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 4 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин маблағ барқароркунии шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардорӣ, ки дар бинои дуошёна ҷойгиранд, ба нақша гирифта шуд, ки корҳои сохтмонии онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Аз буҷаи маҳал барои аз таъмир баровардани бинои асосии беморхонаи марказӣ 700 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст ва дар ин самт корҳои сохтмонӣ идома меёбанд. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар деҳаи Яккатути Ҷамоати деҳоти "Даҳана” бо саҳми аҳли маҳал бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода супорида шуд. Дарноҳия 97 муассисаи давлатӣ ва 4 муассисаи хусусӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 1763 нафар кормандон фаъолият доранд, 219 нафар табибони маълумоти олидор мебошанд. Дар давраи хуруҷи шадиди касалии коронавирус ва бо мақсади пешгирии он ва табобати беморон дар марҳилаи якум бинои асосии беморхонаи марказӣ (шуъбаи карантин) бо 50 кат, дар шуъбаи сироятии беморхона марҳилаи дуюм (шуъбаи провизорӣ) бо 70 кат, дар собиқ бинои маркази бемориҳои пӯсту зуҳравӣ марҳилаи сеюм (шуъбаи госпиталии сироятӣ) бо 50 кат ташкил карда шуд. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории коронавирус аз буҷаи маҳаллӣ 854 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва он мақсаднок истифода бурда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки 20 майи соли 2020 туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 49,6 тонна маводи ғизоӣ, доруворӣ ва дигар ашёҳо, 21 май бошад, кумаки раиси ноҳия ба маблағи 23700 сомонӣ маводи ғизоӣ барои табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дастрас гардонида шуд. Ба 6 нафар оилаҳое, ки аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас фавтида буданд, ба маблағи 5220 сомонӣ кумак расонида шуд. Корҳои фаҳмондадиҳии байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шуда, кумакҳои аввалияи тиббӣ, ба монади муоина ва ба қайд гирифтани беморон дар маҳалҳо ба таври доимӣ гузаронда мешавад. Ашхоси хилъати сафедпӯш дар ҳама гуна шароит бо боварӣ ба таҷрибаву соҳибихтисосӣ ва садоқатмандӣ ба савганди касбӣ аз пайи солимии аҳолӣ буда, ба онҳохизмати содиқонаи тиббӣмерасонанд.

Дар рӯзи иди касбии табибон раиси ноҳия ба табибон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тиббии ноҳия ифтихорномаву сипосномаҳо, инчунин дар ҳаҷми 34800 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ тақдим намуд. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз таваҷҷуҳу дастгириҳои давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайваста баланд бардоштани музди меҳнат рӯҳбаланд гардида, дар оянда ҳам бо дасту дили пок ба халқ хизмат расонида, рисолати муқаддаси худро софдилонаву садоқатмандона иҷро менамоянд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАБИБОНИ ХАТЛОН ВОРИСОНИ АРЗАНДАИ СИНОИ БУЗУРГАНД

ТАБИБОНИ ХАТЛОН ВОРИСОНИ АРЗАНДАИ СИНОИ БУЗУРГАНД

Ҳокимияти давлатӣ
САРҶАМЪӢ МОРО ДАСТБОЛО МЕГАРДОНАД

САРҶАМЪӢ МОРО ДАСТБОЛО МЕГАРДОНАД

Тандурустӣ ва экология

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология

БЕМОРХОНА СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТ ШУД

Тандурустӣ ва экология
77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

Тандурустӣ ва экология