Дар як сатр
» » ДАСТОВАРДҲОИ ИМРӮЗА ҲАДДИ НИҲОӢ НЕСТАНД

ДАСТОВАРДҲОИ ИМРӮЗА ҲАДДИ НИҲОӢ НЕСТАНД

26-08-2020, 20:16

Сафар Ёқубов,

сардори Раёсати кишоварзии ноҳия

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи меҳнати ҳалолу босамар кишоварзони ноҳия ба дастовардҳои калон ноил шуданд. Майдони кишти зироатҳои баҳорию тирамоҳӣ 31420 гектарро фаро гирифтааст. Давоми нимсолаи аввали соли равон кишоварзон ба маблағи 287,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки 181,0 млн соҳаи растанипарварӣ ва 106,9 млн сомонӣ аз чорводорӣ ба даст оварда шудааст.

Имрӯзҳо айни коркарди зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Ҳосили зиёди зироатҳои ғалладонагӣ, пиёзи барвақтӣ, сабзавоту меваҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Мувофиқи ҳисобҳо 31 ҳазор тонна гандум, 1638 тонна ҷав, 9 тонна картошка, 14765 тонна сабзавот, 2309 тонна полезӣ ва 3439 тонна мева ғундошта шуд. Ҳоло ҷамъоварии ҳосили минбаъда давом дорад. Баъди ҷамъоварии ҳосили якум деҳқонон ҷиҳати иҷрои супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гузаронидани кишти такрорӣ шурӯъ намуданд. Кишоварзон имсол дар майдони 8943 гектар кишти такрорӣ мегузаронанд, ки ин амал дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Маъракаи кишти такрорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, "Даҳана”, "Чоргул” вусъати тоза дорад.

Имсол дар майдони 11024 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Ҳосили парваришёфтаи деҳқонон табъи дил аст. Деҳқонон дар тараддуди ҷамъоварии пурраи ҳосили бо ранҷ парвардаашон мебошанд. Боварӣ ҳаст соли равон хоҷагидорон аз уҳдаи дурнамои "тиллои сафед” бо сарбаландӣ мебароянд. Дар доираи амалигардонии "Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” боғпарварони ноҳия дар майдони 11 гектар аз ҳисоби заминҳои лалмӣ боғ бунёд намуданд.

Барои пешрафти соҳаи чорводорӣ ва аз зимистон солиму фарбеҳ баровардани чорво захираи зиёди хӯрока лозим аст. Ба ин мақсад 22528 тонна хошоки дурушт захира карда шудааст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 98066 сар чорвои калон, 202153 сар чорвои майда, 189000 сар паранда, 6280 сар асп парвариш меёбанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба давлат 12316 тонна шир, 3852 тонна гӯшт, 3 млн 29 ҳазор дона тухм, 187 тонна пашм, 26 тонна пилла, 19 тонна асал истеҳсол шуд. Дастархони сокинон нисбат ба соли гузашта бой гардид. Дар ин давра дар ҳоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ ширҷӯшӣ ба ҳар сар модагов 972 кг, наслгирӣ 53 сарӣ ва аз ҳар сад моли майда 93 сарӣ барраю бузғола гирифта шуд. Ин нишон-диҳандаҳоро кишоварзони ноҳия ҳади ниҳоӣ намеҳисобанд. Онҳо тамоми таҷриба, имконияту захираро самаранок истифода бурда, ба он мекӯшанд, ки дастовардҳои боз ҳам баландро ноил гарданд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ҒАЛЛАДОНАГӢ

ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ҒАЛЛАДОНАГӢ

Арсаи кишоварзӣ

БЕШ АЗ НИСФИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА АНГУРИ ҶУМҲУРИРО КИШОВАРЗОНИ ХАТЛОНӢ ҶАМЪ ...

Арсаи кишоварзӣ

Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

Арсаи кишоварзӣ

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА