Дар як сатр
» » ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ

26-08-2020, 20:00

Дар расми кушодашавии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳо-ти "Меҳнатобод"-и ноҳияи Кӯшониён раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок дошт. Иттиллоъ дода шуд, ки бинои асосии муассисаи мазкур соли 1976 барои 960 хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Алъон дар муассисаи мазкур 1807 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 80 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд.

Муассиса дорои 38 синфхона, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ ва ду майдончаи варзишӣ мебошад.

Бинои иловагӣ дар муассисаи мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 4 синфхона ва роҳрави дохили бино барои 120 хонанда бунёд гардид. Ин тарҳ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Маҳмадалиев Рустам, Тешаев Маҳмуд, Абдураҳимов Сорбон, Илёсов Умед, Давлатов Дилшод ва кумитаи падару модарон ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Синфхонаҳои иловагӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо шароити зарурӣ таъмин гардидааст.

Дар соли таҳсили нав ба муассисаи таълимӣ 207 нафар кӯдакон ба синфи якум қабул карда шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорону дастандаркороне, ки дар бунёди бинои нави таълимӣ саҳм доранд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии вилояти Хатлон миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки бояд дар шароити имрӯза падару модарон ва омӯзгорон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии фарзандон тадбир андешанд, зеро саломатии миллат, хусусан кӯдакон, бойигарии давлат аст.

Қурбон Ҳакимзода устодону шогирдонро бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шодбош гуфта, барояшон соли таҳсили бобарор таманно кард.

Ҳ. ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МАРҲИЛАИ НАВИНИ РУШДИ МАКТАБУ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Маориф ва илм
НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

Маориф ва илм
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Ҳокимияти давлатӣ

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм