Дар як сатр
» » ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

28-08-2020, 19:52

ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми тиби Шарқ - Абӯалӣ ибни Сино Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мулоқот намуд ва беҳтаринҳои соҳа ба туҳфа қадрдонӣ гардиданд. Ҳабиба Холова, дастурдиҳандаи тиббии гурӯҳи 3-юми Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳииРаёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон,яке аз онҳост, ки бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Ҳабиба Холова 14 январи соли 1984 дар маҳаллаи "Ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён таваллуд шудааст. Соли 2012 коллеҷи тиббии шаҳри Бохтарро хатм намуда, худи ҳамон сол дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба кор даромад. Айни замон ӯ ба ҳайси дастурдиҳандаи тиббии гурӯҳи 3-юми Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон фаъолият дорад.

Ҳабиба Холова пеш аз ин бо медали 25-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Ифтихорномаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Марди 54 - соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ҳуқуқу амният
Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ду кӯдакро наҷот доданд

Ду кӯдакро наҷот доданд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология