Дар як сатр
» » РАИСИ ХОҶАГӢ ҶАРИМА ШУД

РАИСИ ХОҶАГӢ ҶАРИМА ШУД

19-08-2020, 01:57

Замин моликияти давлат буда, ғасб ва худсарона аз худ кардани он ҷиноят аст. Тибқи қонунҳои амалкунанда ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон салоҳияти раисони шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Мутаассифона, ҳастанд ашхосе, ки ин талаботи қонунро нодида гирифта, худсарона ба ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ даст мезананд.

Мустафоқулов Амиралӣ Алиқулович, раиси хоҷагии "Гулшан”-и Ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа” -и ноҳияи Хуросон, аз зумраи онҳоест, ки барои худсарона ба каси дигар ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ бо дастрасии моддаи 3381 қисми 1 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Номбурда дар ҳоле, ки ба ҳайси раиси хоҷагии деҳқонӣ салоҳияти тақсим кардани қитъаи замини наздиҳавлигиро надошт, вале ба ин эътибор надода, аз ҳисоби заминҳои таъйиноти кишоварзӣ (чарогоҳ), ғайриқонунӣ масоҳати 0,08 га қитъаи заминро ба шаҳрванд Муртазоев Сафармурод Амирович, сокини ҳамин ноҳия, ҷудо карда додааст. Муртазоев С. бошад, дар қитъаи замини ғайриқонунӣ додашуда манзили истиқоматӣ бунёд кардааст.

Судшаванда Мустафоқулов А. дар маҷлиси сайёри судӣ бо айби нисбаташ эълонкардашуда худро пурра гунаҳгор меҳисобад.

Ин амали ӯ бо моддаи 3381 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Ба ӯ бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (як саду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти хоҷагидории ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати 2 (ду) сол таъйин карда шуд.

 

Икром РАҲМОНЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Хуросон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

Ҳуқуқу амният

БОЗДОШТИ МУҲАНДИС - ЗАМИНСОЗ БО ГУМОНИ ҚАЛЛОБӢ

Хабарҳо

Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

Хабарҳо

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТ БО ГУМОНИ ТАЛАБИ ПОРА

Хабарҳо
Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо