Дар як сатр
» » Парчам яке аз муқаддасоти миллист

Парчам яке аз муқаддасоти миллист

24-11-2017, 12:02

Парчам яке аз муқаддасоти миллист
«Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН


Аз сарчашмаҳои таърихии пурғановати халқи тоҷик маълум мегардад, ки парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ на танҳо барои барафрохтан, балки ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат арзиш доштааст. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ мақому манзалати парчам зиёд гардида, он ҳамчун нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин сарвати давлатдорӣ будааст. Дар ҳама давру замонҳо мақоми парчам дар сафи пеш буда, он аз матои зебою нафис сохта шуда, дорои тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва супоридан будааст.

Парчамбардор мансаб будааст ва шахсе интихоб мешудааст, ки дорои ҷуссаи тавоно ва ғайрату матонати мардонагӣ бошад. Ҳангоми набардҳо парчамбардор аз ҳар ду тараф дорои статуси махсус будааст ва натиҷаи набардҳо, аз ҷумла пурра ғолиб ё мағлуб шудан аз ишораи онҳо тавассути боло ва поён намудани парчам муайян карда мешудааст.

Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад. Ў ҳамчун ливои озодӣ ҳанўз то ҳуҷуми арабҳо ва густариши ислом дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳур буд.

Ҳанўз 12-уми ноябри соли 1991 Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва дархости халқи Тоҷикистон, эълон намудани озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатиро зарур дониста, қарор қабул карда, низомномаи онро тасдиқ намуд, ки он талаботҳои зеринро дар бар мегирифт:

-Парчам ва нишон бояд муҳимтарин омилҳои худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихори давлатдории миллиро ифода кунад;

-Парчам ва нишон бояд рангҳои миллии худро дошта, таъриху фарҳанги куҳан ва тамаддуни бузурги халқи тоҷикро ифода карда, барои эҳёи миллати тоҷик мусоидат намуда, пайвандгари наслҳо бошаду ба арзишҳои башарӣ мувофиқ бошад.

Парчами миллӣ дар шакли имрўзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро дороанд.

Ранги сурх дар Парчам - рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият ифода ёфтааст. Дар тасаввуроти аҷдодони мо ранги сурх ҳамчун рамзи шуои офтоб, ки оламро мунаввар месозад, рамзи равшанию рўсурхӣ ҳанўз аз замонҳои қадим қобили қабул дониста шуда, парастиш меёфт. Истифодаи ин ранг дар Парчам моро ба Дирафши Ковиёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх дошт ва ифодагари мубориза баҳри озодӣ буд.

Ранги сафед дар Парчам - рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт, абадият ва заволи зулматро ифода мекард ва ин рамз низ моро ба гузаштагони дури худ ва сарчашмаҳои авестоӣ, ки тибқи китоби «Авесто» - покӣ, равшанӣ, сафедӣ рамзу нишонаи муқаддас эътироф мегашт, бевосита мепайвандад.

Ранги сабз дар Парчам - нишонаи саъю кўшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзию хуррамии ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.

Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам ҳаминро бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тўлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории куҳанро ифода мекунад. Зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукўҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрўз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ дар Парчами миллӣ аломати ҳамин ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист ва фаромўш набояд кард, ки решаи калимаи «тоҷик» бевосита аз ибораи «тоҷ» - мардуми тоҷдор сарчашма мегирад.

Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчам бошад, бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончӣ: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафт рўзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рў, зинатбахши Парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хушӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рўи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳноии он бо рахи сабзи поён баробар мебошад. Ранги сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Бигузор, Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сўйи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир, барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад. Боиси ифтихор аст, ки имрўз ин парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият, ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гаштааст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо як ҳисси баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ ва дарки масъулият нисбат ба рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, нисбат ба суннату арзишҳои олии давлату давлатдорӣ эҳтиром ба ҷо орем. Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мо мубаддал гардад.

Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, аз имрўз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Бигузор, партавафшонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошаду расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол, қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо дониста шавад.

Неъматзода Ҳабибулло,
роҳбари дастгоҳи раиси
шаҳри Сарбанд



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Парчами миллӣ рамзи иқболу истиқлоли мардуми мост

Парчами миллӣ рамзи иқболу истиқлоли мардуми мост

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Парчам ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
«Парчами давлатӣ нишонаи ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ас ...

«Парчами давлатӣ нишонаи ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ас ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Д. Гулмаҳмадзода: Парчам матои одӣ нест (аксҳо ва видео)

Д. Гулмаҳмадзода: Парчам матои одӣ нест (аксҳо ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Сиёсат, Хабарҳо