Дар як сатр

ТАБИБИ МУВАФФАҚ

19-08-2020, 01:55

Инсоният аз хурдӣ то пиронсолӣ дар дил орзую ниятҳои нек дораду мехоҳад орзуҳояш амалӣ гаштаю муваффақ бошад. Худованд ҳама он орзую ниятҳои поку неки инсониятро ба вақташ амалӣ месозад ва амалишавии ҳама муроду мақсудҳо аз худи шахс вобаста аст.

Яке аз шахсиятҳои муваффақ ва инсони хоксор, ҳалиму меҳрубон, аз ҳолу аҳволи маризон бохабар, дар ҳама кору борикормандонаш ёрирасон, ки аз хурд то бузург эҳтиромаш мекунанд, сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод Рустам Шарифов мебошад.

Рустам Шарифов дастпарвари Донишгоҳи тиббии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон буда, барои сайқал додани донишу малака ва маҳорати касбии худ курси дусолаи интернатураро (солҳои 1989-1990) дар шаҳри Кӯлоб гирифта, аз ҳамон сол ҳамчун табиби ҳозиқ, хушгуфтору хушмуомила фаъолият дорад.

Худи ӯ мегӯяд, ки онҳо пайваста дар фикри тинҷию амонии сарзамини биҳиштосо -Тоҷикистони азизем ва баҳри солимии халқу миллати худ хизмат менамоем. Табибону ҳамшираҳои беморхонаи марказии ноҳия дар ин давраи басо ҳассос-сироятёбии одамон ва мубталошавии онҳо ба коронавирус хизмати арзандаю шоиста намуда, басавганди касбиашон вафо менамоянд.

Рустам Шарифов дар соҳаи тандурустӣ хизматҳои зиёднамудааст. Дар байни кормандон, аҳли ноҳия обрую эътибори хосса дорад ва соҳиби ҳурмату эҳтироми хосу ом аст. Ӯ дар ин ҷода муваффақ аст ва аз касби хеш ифтихор мекунаду шукронаи соҳибдавлатӣ ва истиқлолияту ваҳдати миллӣ намуда, ба халқи Ватану диёри худ хизмат мекунад. Ӯ аз соли 2005 менеҷери КАТС-и ноҳия то соли 2013 кор кардааст. Якчанд муддат сардухтури осоишгоҳи бемориҳои сили Муъминобод, муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод шуда кор кардааст. Айни ҳол сарвари беморхонаи марказиро ба уҳда дорад. Табиби ҳозиқ нозукиҳои кори тибро аз устодонаш Ҳомидшо Анваршоев, Амирхон Рустамов, Маҳмад Рауфов омӯхтааст ва аз онҳо ба некӣ ёд карда, ин байтро зам-зама кард:

Ҳар киро устод набвад кор бар

бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе

беҳтар аз устод нест.

Рустам Шарифов оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст. Онҳоро соҳибкасбу соҳибмаълумот намуда, ҳар яке дар хизмати халқу ватананд. Имрӯз, хушбахтона аз ҳар гӯшаю канори мамлакат дар хусуси табибон ҳарфҳои неку шоиста ба гӯш мерасад, ки ин фоли нек аст. Пизишкон дар воқеъ одамони наҷибанд, онҳо ба саломатии инсон сару кор доранд ва дар ин роҳ муваффақанд.

 

Сайҳомид Сафаров



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАБИБОНИ ХАТЛОН ВОРИСОНИ АРЗАНДАИ СИНОИ БУЗУРГАНД

ТАБИБОНИ ХАТЛОН ВОРИСОНИ АРЗАНДАИ СИНОИ БУЗУРГАНД

Ҳокимияти давлатӣ
ТАБИБИ МУШФИҚ

ТАБИБИ МУШФИҚ

Тандурустӣ ва экология

ТАШАККУР БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БАРОИ КУМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
САРҶАМЪӢ МОРО ДАСТБОЛО МЕГАРДОНАД

САРҶАМЪӢ МОРО ДАСТБОЛО МЕГАРДОНАД

Тандурустӣ ва экология
Ҳабиби модарони Фархор

Ҳабиби модарони Фархор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, НАҶОТ САФАРЗОДА