Дар як сатр
» » СОЛИ ХОНИШИ НАВРО БО ТАЙЁРӢ ОҒОЗ БАХШИДЕМ

СОЛИ ХОНИШИ НАВРО БО ТАЙЁРӢ ОҒОЗ БАХШИДЕМ

19-08-2020, 01:50

СОЛИ ХОНИШИ НАВРО БО ТАЙЁРӢ ОҒОЗ БАХШИДЕМ

Дар ноҳияи Ёвон 85 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки ҳамагӣ ба соли нави хониш омодаанд.

Имсол дар самти таъмири ҷории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Ассотсиатсияи падару модарон низ кумак расониданд. Аз ҳисоби волидон 372400 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, маблағи мазкур дар таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, хусусан синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои корӣ масраф гардиданд.

Барои таъмири муассисаҳои таълимӣ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ 1 миллиону 293 ҳазору 967 сомонӣ ҷудо карда шуд. Маблағҳои номбурда дар таъмири имсола истифода гардиданд. Илова бар ин, аз тарафи соҳибкорон, сарпарастон ва дигар шахсони алоҳида 31 ҳазору 100 сомонӣ маблағ барои таъмир сарф шудааст. Маҳз ба ин хотир таъмири имсолаи муассисаҳои таълимӣ босифат анҷом дода шуданд. Маблағҳое, ки дар таъмири муассисаҳои таълимии ноҳия масраф гардидаанд, 1 миллиону 697 ҳазору 340 сомониро дар бар мегирад.

Барои мувофиқи матлаб истифода гардидани маблағҳои ҷудогардида, дар сатҳи лозима ба роҳ мондани таъмири муассисаҳои таълимӣ ва босифат анҷом додани корҳои рангуборкунӣ комиссияи назоратӣ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия ташкил гардид. Комиссия ҳамарӯза рафти таъмири ҷории муассисаҳоро назорат намуда, камбудию норасоӣ ва мушкилии ҷойдоштаро ошкор намуда, барои ҳалли онҳо дастуру супориш ва маслиҳатҳо медод. Ғайр аз ин, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия аз муассисаҳои таълимӣ дидан ба амал оварда, масъалаи омодагиро барои соли нави хониши 2020 - 2021 мавриди таҳлил ва вазифагузорӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки омодагӣ барои соли нави таҳсил тибқи низомномаи тасдиқгардида ва тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ба хотири эмин мондан аз гирифторшавӣ ба вируси нави сироятӣ ҳамаи қонуну қоидаҳои таҳсил риоя хоҳад гашт. Дар ин росто маводҳои безараргардонӣ ва антисептикӣ, ниқоб, хлор, билезна ва амсоли ин захира гардидааст, ки мақсаднок истифода карда мешаванд.

Тарзи гузариши дарсҳо ва талаботи дарсӣ дар шакли варақаи иттилоотӣ ба ҳамаи падару модарон дастрас гардидаанд. Ҳадаф аз пиёда кардани ин ташаббус огоҳонидани волидон ва назорати қатъиву масъулият, дарккунии онҳо дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳо мебошад. Боварӣ ҳаст, ки падару модарон дар назорати фарзандон зимни таҳсил ва риоя намудани талаботи лозима масъулияти ҷиддӣ дарк менамоянд.

Исломиддин Нарсов,

мудири шуъбаи

маорифи ноҳияи Ёвон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЁВОН. БЕЗАРАРГАРДОНИИ COVID-19

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология

Ш. ШОҲИН. АЗМИ БУНЁДИ 5 МАКТАБИ НАВ

Хабарҳо
Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ҳамадонӣ: Ихтисоси 1,8 миллион сомонӣ барои таъмири мактабҳо

Ҳамадонӣ: Ихтисоси 1,8 миллион сомонӣ барои таъмири мактабҳо

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳо

Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳо

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА