Дар як сатр
» » ПАҲЛАВОНЕ АЗ ҒОЗИМАЛИК

ПАҲЛАВОНЕ АЗ ҒОЗИМАЛИК

11-08-2020, 01:41

ПАҲЛАВОНЕ АЗ ҒОЗИМАЛИК

Ноҳияи Хуросон-минтақаи афзалияти кӯҳсордошта, аз аҳди аввал ба номи Ғозималик шуҳратёр аст. Мардуми ин маҳал бо меҳнати содиқона рӯзгор мебаранд, бо лаҳни гуфтори ба худ хос фарқият доранд. Илова ба ин, дар ин водӣ дар ҳар давру замон ҷавонони ғаюру нотарс, чусту чолок майдондорӣ карда, унвони паҳлавониро гирифтаанд. Ҳатто, тибқи ривоят, ҳамин вожаи Ғозималик аз номи ду бародари дар майдони гӯштин беҳамто ва ба қавле пушташон заминро надида, Ғозӣ ва Малик пайдо гардидааст.

Ба ҳамин монанд, насли калонсол номи Суманпаҳлавон, Бекмуродпаҳлавон, Раҷаб-бекпаҳлавон, Алимаҳмадпаҳлавон, Қосим-паҳлавон, Неъматпаҳлавон, Табарпаҳлавонро, ки дар майдондорӣ мактаби худро пайдо кардаанд, хуб медонанд. Медонанд, ки ин нафарон дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию берун аз он майдондорӣ намуда, таҳамтании худро нишон додаанду маъракаи гӯштинро дар тӯйҳо зеби дигар бахшидаанд.

Раҷабалӣ Холов яке аз онҳост, ки бо зӯри қувваи бозуи худ дар бисёр мусобиқаву маъракаҳо ба ҳарифони худ дастболо гашта, то ба дараҷаи устодӣ расидааст. Ӯ ҳарчанд хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, вале бештар ба гӯштин шавқ пайдо дошту роҳи минбаъдаи худро дар майдондорӣ пайваст. Устоди аввалини худро дар гӯштини миллӣ бародараш Гулмаҳмад, дар донишгоҳ бошад, Исроил Ҳайдаралиевро, ки ба ӯ азгӯштини тарзи классикӣ машқ медод, медонад.

Раҷабалипаҳлавон аз худ хотираҳои зиёде дорад. Дар мавриди гӯштингирӣ ва нозукиву мушкилоти давраву маъракаҳои милливу давлатӣ мегӯяд, ки чун соли 1972 донишгоҳро хатм кард, ӯро ба хизмати ҳарбӣ фиристоданд. Тақдир ӯро ба Германия мебарад. Давоми хизмат аз рӯи гӯштини тарзи озод дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, ки дар қисмҳои ҳарбии ин ҷо мегузаштанд, ширкат варзида, номи Иттиҳоди Шӯравиро баланд мебардошт. Баъдан дар ҳайати тими яккачини Тоҷикистон, то ба нафақабароӣ дар мусобиқаҳои зиёди гӯштини тарзи озоду классикӣ ва миллӣ майдондорӣ намуда, бо чолокиву зӯроварии худ дар дили мухлисон шодию нишот афрӯхта, парчамбардорӣ ватани азиз буд.

-Баъди танаффуси зиёд, соли 2010 тасодуфан бо ҳамтои худ Худойназар Боқиев, (падари ҷаҳонпаҳлавон Расул Боқиев), ки солҳои ҷавонӣ дар як тим буданду дар мусобиқаҳо иштирок мекарданд, вомехӯрад. - Боқиев толориварзишии худро доштааст. Таклиф кард, ки ба тамрин биёям. Собиқадорон дар он ҷо машқ мекардаанд. Розӣ шудам. Инак, даҳ сол мешавад, ҳамроҳи як гурӯҳ собиқадорон дар вақтҳои муайян омада, машқ мекунем. Аз номи собиқадорони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок мекунем, - мегӯяд Р. Холов.

Шавқ раҳбару қувваю қудрат азалӣ, ки буд дар ин муддат Раҷабалипаҳлавон дар мусобиқаҳои гуногуни гӯштин байни собиқадорон нишон дод, ки паҳлавонӣ пирӣ надорад. Соли 2010 дар мусобиқаи ҷаҳонии собиқадорони варзиш дар Юнон, соли 2011 дар Марокаш ва соли 2019 дар Кипр ширкат варзида, ҷойҳои дуюм ва сеюмро ба даст овардааст. Устоди варзиш, чемпиони Тоҷикистон Раҷабалӣ Холов имсол аз 70-умин баҳори умр гул мечинад. Солиму бардам, боқувват асту бо шодиву нишот рӯзгор дорад. Ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки ҳамеша ба варзиш машғул бошанд.

-Варзиш мактаби тарбияи бадан, ҷисму рӯҳ, саломатии инсон аст. Саломатӣ бошад, беҳтарин неъмати худовандист, ки ба даст овардани он аз худи шахс вобастагӣ дорад,-мегӯяд ин паҳлавони ба сол бузургу бо азму ирода, шавқу завқи дар дилдошта ҷавон.

 

Исматуллои Гули Олим



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДИЛРАБОРО КӢ САРПАРАСТ МЕШАВАД?

ДИЛРАБОРО КӢ САРПАРАСТ МЕШАВАД?

Чеҳранигорӣ
ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

Ҷавонон ва варзиш
Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҷавонон ва варзиш
Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӯлоб: Чемпионат оид ба гӯштини миллӣ

Кӯлоб: Чемпионат оид ба гӯштини миллӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР