Дар як сатр
» » МАҚОМИ ДӮСТӢ ДАР ҒАЗАЛИ ШОИР

МАҚОМИ ДӮСТӢ ДАР ҒАЗАЛИ ШОИР

11-08-2020, 01:40

Камоли Хуҷандӣ дар ибтидои асри XIV дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиашро дар шаҳрҳои Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро гузаронида аз чандин орифону олимони машҳури замонаш илмҳои гуногунро аз бар кардааст. Камоли Хуҷандӣ бештар ба эҷоди шеъру шоирӣ рағбат пайдо кунад. Ӯ нахустин ғазалҳояшро дар зодгоҳаш сурурда, дар айни авҷи камолоти эҷодӣ сафари ҳаҷ мекунад.

Шоир ҳангоми бозгашт ба дасти яке аз хонҳои муғул, ки Тухтамишхон ном дошт, меафтад. Тухтамишхон шоирро ба Сарой бурда, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро омода месозад. Шоир соҳиби хона, хизматгор ва ҳам соҳиби боғ мешавад. Вақте ки Темурланг шаҳри Саройро ба ихтиёри худ медарорад, шоир аз доми Тухтамишхон озод мегардад. Ӯ мехоҳад аз фурсати муносиб истифода намуда, ба зодгоҳаш баргардад, аммо Мироншоҳ (писари Темур), ки ҳокими шаҳри Табрез буд, шоирро ба назди худ нигоҳ медорад. Азбаски Шайх Камоли Хуҷандӣ дар илми фиқҳ ва эҷоди ғазал беҳамто буд Мироншоҳ муриди асосии ӯ мегардад. Обрӯ ва мартабаи ӯро нисбати дигар шоирону олимон баланд мебардорад. Шоир дар ин шаҳр соҳиби зану фарзанд мешавад ва ёру дӯстони зиёде низ пайдо менамояд. Ҳатто ҳокимону сарватмандони шаҳри Табрез ба дониш ва истеъдоди баланди ғазалсароии ӯ эътиқод намуда, пайваста дар суҳбаташ менишастанд. Шоир умри дарози пурбаракат мебинад. Баъди хазон гаштани баҳори умраш ӯро дар Волиёнкӯҳ ба хонаи охираташ мегузоранд.

Чунонки аз сарчашмаҳо аён мегардад, давраи кӯдакию наврасӣ шоир ҳангоми тадрису таҳсил дар мадрасаҳо ёру дӯстони зиёд пайдо мекунад. Дар шаҳрҳои Сарою Табрез бошад, аз давраи кӯдакиву наврасиаш дида, бештар шогирдону дӯстони вафодору меҳрубон дар атрофи ӯ ҷамъ мешаванд. Онҳо аз суханҳои лаззатбахши шоир ҳаловат бурда, намехостанд, ки лаҳзае аз назди ӯ дур бошанд. Аз ин суҳбату муносибати некбинонаи наздиконаш шоир болидарӯҳ гардида, базавқ меояд ва дар ин мавзӯъ ғазалҳои зиёдеро эҷод менамояд:

Дӯст медорад дилам ҷабру ҷафои дӯстро,

Дӯсттар аз ҷону сар дарду балои дӯстро.

Шоир дар ин ҷо таъкид менамояд, ки дар озору ранҷ ва сухани ноҷое, ки аз дӯст содир мешавад, бояд шахс таҳаммул пазирад. Ҳатто онро аз ҷон ва аз ҳар дарду алами ба сараш омада ҳам боло шуморад. Чунки дӯсти ҳақиқӣ айби дӯстро ошкоро ва бе ягон дурӯғи таънаомез баён месозад.

Шоир сухани дӯст ва муносибати некро аз ҳама чизи дунёӣ боло донистааст:

Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд,

То бисозад чора дарди бедавои дӯстро.

Он ранҷу машаққат ва мушкилии дар дил ниҳонбударо бо дӯст бояд гуфт. Танҳо дӯсти ҳақиқӣ чун табиби ҳозиқ метавонад ба дарди дӯст расида,ӯро аз ҳар гуна ранҷурию душвориҳои ба ӯ рӯ ба рушуда раҳоӣ бахшад.

Дӯсти вафодор ҳамеша дар роҳи хурсанд кардану чӣ гуна дӯсташ аз ӯ розӣ буданро ҷустуҷӯ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки ӯро аз ҳар дарду бало халос намояду дӯсташро ба мақсад расонад ва орзуҳои дар дил доштаашро амалӣ созад. Дӯстон бо ҳамдигар чунон муошират намоянд, ки ҳеҷ гоҳ боиси озурдахотирӣ набошад. Мақсади дӯст ранҷонидани дӯст нест. Балки дар орзуи шунидани сухани неку суҳбати ширини якдигар аст:

Дар ҳавои ӯ тавонад дод ошиқ сар ба бод,

Лек натавонад ниҳод аз сар ҳавои дӯстро.

Шикастани аҳду паймони ошиқу маъшуқ хеле гарон аст. Он азобу машаққатҳои бисёреро пеш меорад. Аммо барҳам задани аҳди бастаи дӯстон аз он ҳам сахттар мебошад. Чунки дар баъзе ҳолатҳо дӯстон аз баҳри ҳама чиз, ҳатто аз муҳаббати ба маъшуқ доштаашон ҳам мегузаранд, аммо риштаи дӯстиро канда наметавонанд ва барои он ҷонашонро қурбон месозанд:

Гар бадал кардӣ ба сад Фирдавс гарди кӯйи дӯст,

Ройгон аз даст додӣ хоки пойи дӯстро.

Аҳди бастаи дӯстон ба монанди Фирдавс-боғи ҷаннат (ҳамеша баҳор) аст, ки он мудом меваи хушлаззат ба бор меоварад. Агар ғамхорӣ, меҳрубонӣ, дилсӯзӣ ва шаҳомату манзалати дар наздат доштаи дӯстро фаромӯш кардию аз дил баровардӣ, ӯро ҳамчун як чизи нодаркор аз худ дур месозӣ, обрӯ ва ранҷҳои кашидаашро бе ягон душворӣ ба бод медиҳӣ. Ба монанди шахсе, ки аз боғи ҷаннат маҳрумшуда аст, ӯро дигар намеёбӣ. Ҳатто гарди хоки пойи ӯ низ насибат намегардад:

Хоҳӣ, ки дар назди дӯстат қадру қимат ва мартабаи баланд дошта бошӣ ва ба боварии ӯ дароӣ, корҳоеро ба анҷом расон, ки писанди ӯ бошад ва самар орад. Ҳар чизеро, ки ӯ мехоҳад, ба сомон расон. Забонро поку аз суханҳои бардурӯғ, ҳазарҷӯиҳои дилхарош нигоҳ дор. Чунки бо ғайбаткунӣ, худтаърифнамоӣ ва гуфтани суханҳои беасос ҳам дӯстат ва ҳам наздиконат аз ту меранҷанд. Бо душмани дӯст низ набояд нишаст:

Дӯстҳои ҳама олам бирӯб аз дил Камол

Пок бояд доштан хилватсаройи дӯстро.

Дар зиндагӣ бо ёру дӯстони бисёре вомехӯрем. Аммо онҳо аз ҷиҳати гуфтор, рафтор, муносибат аз якдигар фарқ мекунанд. Як гурӯҳ аз дӯстон нонӣ, забонӣ, аҳдшикан, суханчин, фиребгар, фиребкор, бадрафтору бадгуфтор, бадсиришту бадтинад ва кинаҷӯ мешаванд. Лекин гурӯҳи дигар покзабону покдил, ботадбир хайрхоҳу эҳсонкор, некбину нексиришт ва ба ҳам ёрирасонанд. Қалби онҳо барои якдигар чун оина софу беғубор аст. Чунин ҷавонмардон гули сари сабади ҳар як ҷамъомаду маҷлисанд. Танҳо дар ҳамон ҳолат мо шахсеро дӯсти ҳақиқӣ меҳисобем, ки ӯ аз хислатҳои бад парҳезкор бошад. Накугуфторию накурафториро пешаи худ намояд ва кинаву ниятҳои бадро аз қалбаш берун созад. Имрӯз мавзӯи мақоми дӯст ва муносибатҳои дӯстӣ рӯзмарра буда, ба он тамоми мардуми дунё ниёз доранд.

Ҳеҷ як инсон намехоҳад, ки зиндагии талху рӯзгори нотинҷро аз сар гузаронад. Ҳама дар орзуи оромию осоиштагӣ ҳастанд. Аммо бар хилофи ин андешаҳо, аксарият давлатҳои ҷаҳонро тазодҳои бардурӯғи сиёсии иттилоотию иртиботӣ фаро расидааст. Онҳо ба воситаи расонаҳои хабарии интернет, шабакаҳои радиоӣ ва дигар воситаҳои ахборӣ суханҳои иғвоангезона андохта, миёни мардум шӯру ғавғо мебардоранд.

Баъзе ҷавонони камсаводу кӯтоҳандеш ба боварии онҳо даромада, аъзои чунин гурӯҳҳо мешаванд ва аз миллату ватани худ дурӣ меҷӯянд. Чунин ҷавонон ба роҳи хато рафта, дӯсти ҷониро аз дӯсти забонӣ фарқ карда наметавонанд. Дар хотир дошта бошанд, ки дӯсти забонӣ шакарвор сухан гуфта, моро ба доми худ медарорад ва оҳиста-оҳиста ба оташи марг меандозанд. Дар чунин ҳолат суханони пандомези Пешвои миллат: "Мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем!”-ро фаромӯш накунему онро сармашқи зиндагӣ намоем. Шукри рӯзгори осудаю ободии имрӯзаро кунем, ки бо ташаббуси заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидаем.

Намоз СОЛИЕВ,

омӯзгор аз шаҳри Левакант



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ГАР БИҶӮЯНД БА САД  ҚАРН НАЁБАНД КАМОЛ

ГАР БИҶӮЯНД БА САД ҚАРН НАЁБАНД КАМОЛ

Фарҳанг ва адабиёт
ҚАДРИ МОДАР БИДОН, ЭЙ ПИСАР!

ҚАДРИ МОДАР БИДОН, ЭЙ ПИСАР!

Фарҳанг ва адабиёт

Наҳзатиҳо бо мурдаҳо ҳам дар ҷанганд

Хабарҳо

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дузд... Андешаҳо пас аз муаррифии китоби Сал ...

Хабарҳо
Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА