Дар як сатр
» » Вакилони Иҷлосияи 16-ум меҳмони маҳфили «Рўзноманигорони ҷавон» шуданд

Вакилони Иҷлосияи 16-ум меҳмони маҳфили «Рўзноманигорони ҷавон» шуданд

23-11-2017, 09:47

Вакилони Иҷлосияи 16-ум меҳмони маҳфили «Рўзноманигорони ҷавон» шуданд

Дар факултети филологияи тоҷики ДДҚ ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Рўзноманигорони ҷавон”-и кафедраи рўзноманигорӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ баргузор шуд.

Меҳмонони навбатии маҳфил ду тан вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, собиқ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Эшбурӣ Эсанқулов ва таъсисдиҳанда ва роҳбари аввалини телевизиони вилоятии “Хатлон”, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ, журналисти варзида Боймурод Сайидалиев буданд.

Дар маҳфил меҳмонон бо донишҷўёни кафедраи рўзноманигорӣ атрофи Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ, шароити иқтисодии мардум ва кишвар дар даврони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) суҳбат намуда, ҳолатҳои ногувор ва душвору сангини дар ҳаёти касбиву шахсӣ пасисаркардаашонро ёдовар шуданд.

Боймурод Сайидалиев изҳор дошт, ки дар солҳои аввали таъсисёбӣ ва фаъолияти телевизиони «Хатлон» силоҳдорон ҳар лаҳза ба бинои телевизион меомаданд ва кўшиши пурра зери назорати худ гирифтани идораи телевизионро мекарданд.

- Аммо бо вуҷуди ҳама гуна мушкилот журналистони телевизиони вилоятии «Хатлон» кўшиш мекарданд, ки аз рисолати асосии касбии худ - ҳақиқатнигорӣ дур набошанд. Дар он солҳои мудҳиш вазъият ноором буд, мо аз тариқи Телевизиони Тоҷикистон барномаҳои худро дар ҳаҷми 1 соат пешкаши омма менамудем, - афзуд Б. Сайидалиев.

Ҳамчунин собиқ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995 Эшбурӣ Эсанқулов суханронӣ карда, оид ба фазои сиёсӣ ва баргузор шудани Иҷлосияи 16-ум барои ҳозирин маълумоти муфид дод. Мавсуф изҳор дошт, ки баргузор намудани Иҷлосияи 16-ум барои мо ва дигар хостгорони он ниҳоят мушкил даст дод.

- Дар он солҳо вакилон, махсусан, онҳое, ки ҳамчун иштирокчиёни Иҷлосияи мазкур интихоб шуда буданд, се гурўҳро ташкил мекарданд. Гурўҳи аввал хоҳони барпо шудани Иҷлосияи тақдирсоз буданд, гурўҳи дуюм зидди баргузор шудани он буданду ҳамавақт пароканда шудани вакилонро мехостанд. Гурўҳи сеюм барпо шудани ин иҷлосияро бар санаи дигар гузоштан мехостанд. Вале бо вуҷуди ин гуна ихтилофи назар ва мушкилот, санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар “Қасри Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақдири будану набудани миллати тоҷикро ҳал кард, барпо шуд, - гуфт Э. Эсанқулов.

Дар ин вохўрӣ донишҷўён ва умуман ҳар узви маҳфил аз забони устодон Б. Сайдалиев ва Э. Эсанқулов доир ба фаъолияти радиои Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки номи "Мавҷи Вахш"-ро дошт, мусоҳибаи яксоата бо Давлат Худойназаров аз тариқи радиои мазкур, раванду ҳолатҳои сиёсии кишвар, корнамоиҳои кормандони рўзномаи "Ҳақиқати Хатлон" (ҳозира «Хатлон»), аз ҷумла Шарифамоҳи Кишвардухт, Асалмо Сафарова ва дигарон маълумоти нав ба даст оварданд.

Дар охир суолу ҷавоби тўлонии донишҷўён бо меҳмонон ба маҳфил ранги тозае бахшид.

Суннатулло ЭМОМОВ,
донишҷўйи соли 4-уми ихтисоси рўзноманигории факултети
филологияи тоҷики ДДҚ ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фактҳо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ

Фактҳо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
«Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

«Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  ...

Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
17 март - иҷлосияи нахустини вакилони нави парлумон

17 март - иҷлосияи нахустини вакилони нави парлумон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА