Дар як сатр
» » ШАҲРИТУЗ. НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ-ИҶТИМОӢ

ШАҲРИТУЗ. НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ-ИҶТИМОӢ

11-08-2020, 01:35

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз бунёди 347 ва бо нақшаи иловагӣ 365 бинову иншооти гуногуни хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

260 иншооти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Тибқи Барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар солҳои 2019-2020 амалигардонии 104 лоиҳаҳои гуногун пешбинӣ шудааст, ки маблағи умумии онҳо 57 миллиону 783 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2020-ум 53- тои онҳо амалӣ гардидаанд, ки маблағи умумии онҳо 28 миллиону 846 сомониро дар бар мегирад.

Дар ноҳияи Шаҳритуз 24 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд дорад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 68 миллиону 743,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Новобаста ба мушкилу маҳдудиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ вобаста ба хуруҷи бемории COVID-19 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллион 285 ҳазору 800 сомонӣ зиёд аст.

С. Ҷамолиддин,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РУШДИ ДЕҲОТ ВА СОЛИМГАРДОНИИ ҶОМЕА

Тандурустӣ ва экология
ЁВОН. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ  ДОХИЛӢ МЕАФЗОЯД

ЁВОН. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ МЕАФЗОЯД

Иқтисоду тиҷорат

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Хатлон афзуд

Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят афзуд

Арсаи кишоварзӣ

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо