Дар як сатр
» » МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

11-08-2020, 01:22

Дар толори маҷлисии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вобаста ба пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ вохӯрии намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир шуд, ки дар он масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, сардорони раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

 

Қурбонзода Манучеҳр, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар назди ҷамъомадагон доир ба як қатор қонунҳое, ки дар самти мубориза бар зидди коррупсия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, баромад намуд.

Таъкид рафт, ки мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

Зеро инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯ аст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

- Ба мақсади пешгирӣ ва барҳам задани кирдорҳои кор-рупсионӣ, - гуфт дар идомаи суханрониаш М. Қурбонзода, - Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз 31 октябри соли 2003 қарорҳои дахлдор қабул намудааст, ки аз рӯйи он чораҳои мушаххас бурда мешавад.

Дар охири вохӯрӣ масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон баргузории чунин вохӯрии судмандро ба мақсад мувофиқ арзиёбӣ намуда, ба намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон изҳори сипос намуданд.

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии

Сарраёсати молияи

вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷони ...

Хабарҳо, Сиёсат

МУЛОҚОТ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Хабарҳо
Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР