Дар як сатр
» » Амалиёти «Муоинаи техникӣ» дар марзи вилояти Хатлон

Амалиёти «Муоинаи техникӣ» дар марзи вилояти Хатлон

6-08-2020, 10:04

 

Амалиёти «Муоинаи техникӣ» дар марзи вилояти Хатлон

Шуъбаи бозрасии давлатии автомобили РВКД дар вилояти Хатлон аз 1-ум то 10-уми августи соли 2020 дар марзи вилояти Хатлон амалиёти рамзии «Муоинаи техникӣ» мегузаронад.

Максад аз гузаронидани амалиёти мазкур ба низом даровардани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, назорати рафти ҷамъоварии андоз аз воситаҳои нақлиёт, ошкор намудани воситаҳои нақлиёти дар кофтуковбуда ва мошинҳои рабудашуда мебошад. Бинобар ин, аз муоинаи техникӣ гузаштан аз ҳамаи ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро дар муҳлати муайянгардида аз муоинаи техникӣ гузаронанд.

Дар ҳолати нагузаронидани воситаҳои нақлиётӣ аз муоинаи техникӣ, нисбат соҳибони он мувофиқи моддаи 315 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот дода мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи техникӣ ронандагон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд;

Шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт;

Баргаи пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт;

Санади суғуртаи воситаҳои нақлиёт;

Сандаи муоинаи тиббӣ оид ба вазъи солимии ронанда;

Баргаи сабз (пардохти андози муҳити зист)

 

Шодизода Баҳодур, нозири калони шуъбачаи назорати техникии ШБДА, РВКД дар вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Ҳуқуқу амният
Бори каҷ ба манзил нарасид

Бори каҷ ба манзил нарасид

Ҳуқуқу амният
БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
109 садама ва ҳалокати 22 ноболиғ дар як сол

109 садама ва ҳалокати 22 ноболиғ дар як сол

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА