Дар як сатр
» » Хатлон: нафари пештар судшуда ба сокини шаҳри Бохтар 17 ҳазор сомонӣ зарар расонид

Хатлон: нафари пештар судшуда ба сокини шаҳри Бохтар 17 ҳазор сомонӣ зарар расонид

5-08-2020, 16:57

Кормандони шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар баробари бурдани корҳои тафтишотӣ дар натиҷаи баррасии аризаи сокини шаҳри Бохтар як ҷинояти дуздиро ошкор намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 

Гумонбари ҷинояти дуздии моликияти шаҳрвандон Саймумин Абдулхайров, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Вахш, пеш суд шудаву адои ҷазо карда бошад ҳам, боз такроран даст ба ҷиноят задааст.
Охирҳои моҳи июни соли равон ҳангоми дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Алиҷон Сафаров, сокини шаҳри Бохтар ба ҳайси устои таъмири хона қарор доштанаш ба боварии соҳибони хона даромада, аз набудани онҳо истифода намуда, маблағи 10 000 сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф менамояд. Ӯ бо ин амал ба ҷабрдида 17 000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

С. Абдулхайров дар 2 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад ва айни замон нисбат ба гумонбаршуда дар шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Устоҳои бомпӯши хона» ё роҳзанон боздошт гардиданд

«Устоҳои бомпӯши хона» ё роҳзанон боздошт гардиданд

Ҳуқуқу амният

ҶАЗО БАРОИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ

Ҳуқуқу амният

Боздошти зани 40-сола бо гумони қаллобӣ

Хабарҳо
Ҳамеша дар хизмати халқу ватан

Ҳамеша дар хизмати халқу ватан

Ҳуқуқу амният
Алимент напардохт, ҷазо гирифт

Алимент напардохт, ҷазо гирифт

Ҳуқуқу амният