Дар як сатр
» » «Устоҳои бомпӯши хона» ё роҳзанон боздошт гардиданд

«Устоҳои бомпӯши хона» ё роҳзанон боздошт гардиданд

5-08-2020, 16:53

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.   Ба мақомоти милитсия хабари фаврие расид, ки як гурӯҳ ҷавонон худро устои бомпӯши хона муаррифӣ намуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Роҳила Дадабоева, соли таваллудаш 1948, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе ворид гардидаанд. Онҳо соҳибхоназанро зери латукӯб қарор дода, маблағҳои зиёди пулиашро рабудаанд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Устоҳои бомпӯши хона» ё роҳзанон боздошт гардиданд


Вобаста ба ҳолати мазкур кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сабабу омилҳои содиршавии ҷинояти мазкур ва нафарони гумонбарро муайян намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нафарони гумонбар дастгир карда шуданд. Инҳо шаҳрвандон:

Холиқов Абдухолиқ Абдураҳимович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи кӯчаи Савдои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, қаблан 3 маротиба бо ҷурмҳои гуногун суд шудааст;

Исоев Фаромарз Азамшоевич, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Лоиқов Муҳаммадшоҳ Хайруллоевич, соли таваллудаш 1996, сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, ки худро ҳамчун устои бомпӯши хона муаррифӣ намуда, ба тариқи ошкоро ба манзили истиқоматии пиразани 72-сола ворид шуда, ӯро зери латукӯб қарор дода, ҳамзамон бо рӯймол дасту пояшро бастаанд. Баъд аз бастану таҳдид намудани пиразан гумонбарон ашёи манзили истиқоматиро парешон намуда, маблағҳои пулии ҷабрдидаро рабудаанд.

 Ҳодиса 10 июли соли равон рух дода, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ин 3 нафар бо моддаи 249-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЗО БАРОИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ

Ҳуқуқу амният

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

Боздошти зани 40-сола бо гумони қаллобӣ

Хабарҳо

МИЛИТСИЯИ МАН – ҲИМОЯТГАРИ МАН. Аз рӯи натиҷаҳои як тадқиқоти Вазорати корҳ ...

Хабарҳо
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА