Дар як сатр
» » Ёдат ба хайр, марди Худо!

Ёдат ба хайр, марди Худо!

23-11-2017, 10:30

Ёдат ба хайр, марди Худо!


Фасли хазонрез. Дар ин айём долу дарахтон ва замини сабзпўш пероҳани худро ба ранги зард иваз мекунанд. Барги дарахтон акнун хазон гашта, дар шохаи ниҳолон ба қавле амонат қарор доранд. Аз вазидани боди сабук аз тани навда ҷудо шуда, авлоҷ занон ба замин меафтанд. Умри онҳо бо ҳамин поён меёбад. Умри инсон низ ба ҳамин монанд аст ва чун ашки сари мижгон умри кўтоҳ мебинад.

Марги марди Худо, дўсти ҷонӣ, бародари ба ҷон баробар, инсони саропо меҳру муҳаббат, некси-ришт, ошнои дардошно бобои Сафар Тешаев қалби ҷигарбандон, пайвандону наздикон, дўстон ва онҳоеро, ки ўро мешинохтанд, ғамгин намуд. Ҳавлиаш ба ғамхона табдил ёфт. Имрўзҳо хонаи бобои Сафар (марҳум байни мардум бо тахаллуси Сафари Паҳ машҳур буд) хомўш аст. Гўё ҳама чизи хона беҳаракату хомўшанд. Ҷигарбандон низ хомўшонаю беозор рўйи ҳавлӣ қадам зада, бо нигоҳҳои ғамгини худ падарро меҷўянд. Ўро пайдо накардаю садояшро нашунида лаб зери дандон монда, хомўш мемонанд, бесадо ашк мерезанд, ашки талху сўзон. Аз реҳлати сутунӣ хонадон, муттакои зиндагӣ, падари меҳрубонашон ҳарчанд ҳафтае чанд гузашта бошад ҳам, ҳанўз ба марги ў боварашон намеояд. Қалби пурдарду ҷигари садпораи онҳо ба ёди қиблагоҳи дардошною ғамхорашон гум мезанад. Зеро падар баҳри фарзанд аз ҷумла муқаддасот аст. Вале, афсўс, сад афсўс, ки он абадӣ нест. Ҳатто боғу роғи бунёдкардааш имрўз ранги заъфаронӣ гирифтаю мурғони даштӣ хомўшанд.

...Бобои Сафар зодаи ноҳияи зебоманзари Ховалинг мебошад. Ў дар домани як мавзеи биҳиштосо камол ёфт, аз меҳнати ҳалол, некию накукорӣ соҳибному иззатманд гардид. Ў ватанашро дўст медошт, ҳар порча замин, аз хоку сангу хаси ин мулки барояш азиз, табиати зебою нотакрори онро дўст медошт. Аз мардуми зебопарасту ободгар, бунёдкору созандаи диёраш ифтихор менамуд. Баробари онҳо то нафаси охирини умри бобаракати худ барои ободонии як гўшаи ватани маҳбубаш саҳм гирифт. Аз худ як боғи зебои ҳосилдеҳ боқӣ гузошт.

Бобои Сафар дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла мақомоти дохила, пасон идораи таъминоти техникаи тиббӣ ифои вазифа намуд. Ба касбаш масъулиятшинос буд, вазифаашро бо виҷдони поку дили соф иҷро мекард. Вақте ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истифодаи оқилонаю сарфакоронаи замин, бунёди боғҳо дар заминҳои боир ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, дастуру тавсияҳо дод, бобои Сафар низ ин иқдоми Пешвои миллатро дастгирию пайравӣ намуд. Аз ҳамон рўзҳо ба замин, ба боғдорӣ рў овард. Дар назди худ мақсад гузошт, ки дар як паҳлўи девори дараи селгузари деҳаи «Ҳонақои Севодара»-и ноҳияи Ховалинг боғ бунёд менамояд. Ў ба қавлаш вафо кард. Замини боирро, ки санглоху хорзорро мемонд, бо меҳнати зиёд обод кард.

Заминро тахту ба кишт омода сохт. Навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда шинонд. Ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, Суғду Рашт ва Ҳисор сафар карда, аз ин минтақаҳо намудҳои гуногуни ниҳоли дарахт меоварду онҳоро мешинонд. Муддати нагузашта ниҳоли дарахтон сабзида, ба ҳосил омаданд. Дар дараи селгузар боғи калоне пайдо шуда, ба як пораи ҷаннат табдил ёфт.

Бобо Сафар дар ин мавзеъ манзили истиқоматӣ бунёд намуда ба қавле, реша гузошт. Фарзандону наберагонаш дар ин ҷо ба дунё омада, оилаи онҳо муқимӣ шуда монд. Қитъаҳои гирду атрофро низ аз сангу хор тоза карда, парвариши сабзавоту полезӣ ва донагиҳоро ба роҳ монд. Бештари ҳосили боғ ва даромад аз онро ба кўдакистону ашхоси ниёзманд туҳфа мекард.

Як муъҷизаи дигареро ки дар боғи бобои Сафар бо чашми сар дидем, ёдовар мешавем. Баъди се-чор соли бунёди боғ дар як канори он, зери дарахти ток чашмае пайдо шуда, оби он ҳавзеро ба вуҷуд овард. Дар дохили ҳавз чанд дона моҳӣ низ пайдо шуд. Чӣ гуна ва аз куҷо пайдо шудани моҳиҳо боз як муаммо буд. Онро мардуми таҳҷоӣ фоли нек маънидод мекунанд.

... Бобои Сафар инсони нотак-рору фарҳангдўст ва маҳфилоро буданд. Аз ҷумлаи аҳли адаби ҷумҳурӣ, қаламкашони рўзномаю маҷаллаҳо дўстони зиёде доштанд. Онҳо тез-тез ба меҳмонии бобои Сафар меомаданд. Зеро ин мавзеъ табиати зебо дошту хушбоду ҳаво буд. Бобо барояшон маҳфили зебои эҷодӣ доир менамуд. Суҳбати онҳо то дергоҳ идома меёфт. Эҷодкорон бо неруи тозаю қавӣ ва таассуроти нек ба хона бармегаштанд. Ҳар як дидору суҳбат бо бобои Сафар беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёт буд. Ў шахсе буд дидадаро, дорои беҳтарин сифатҳои хуби инсонӣ. Зиндагиро дўст медошт, дар рафтору гуфтораш ботамкину бо ирода буданд.

... Мо-дўстони бобои Сафар низ ба марги ў бовар надорем. Гумон мекунем, ки ҳамин лаҳза ў бо лаҳни ширину чеҳраи кушода, табассуми ба худаш хос, чун ҳамешагӣ ба идораи рўзномаи “Хатлон” меояд. Аз дидаю шунидаҳояш қисса карда, хотири моро болида месозад. Ба ҳайси мухбири ҷамоавӣ, боз ягон чизи навиштаи худро меорад, ба эҷодкорони навкор маслиҳат медиҳад. Вале, сад дареғо, ки марг ўро аз байни мо рабудааст.

Ин ду рўз, ки ҳаёт аст, чунон бояд зист,
Ба халоиқ, ки каму беш саное бирасад.
Вақти рафтан чу расад, низ чунон бояд рафт,
Ки зи бегонаю аз хеш дуое бирасад.


Чӣ чора, банда, миранда аст, ҳамагон шарбати маргро мечашем ва ин роҳи пурталотумро, ки ба сўи Худо мебарад, тай хоҳем кард. Ба қавли Мирзо Бедил:

Роҳ пурташвишу манзил дуру мақсад нопадид,
Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!


Бобои Сафар! Илоҳо ҷоят ҷаннат бошаду манзили охиратат пурнур!

ВАХШОНА,
С. АТТОР



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Боз як орзуи падари 92-солаи дугоникҳо амалӣ мешавад

Боз як орзуи падари 92-солаи дугоникҳо амалӣ мешавад

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Марде, ки ҳам хона рӯшан мекунад, ҳам дил

Марде, ки ҳам хона рӯшан мекунад, ҳам дил

Фарҳанг ва адабиёт
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН