Дар як сатр
» » КИШТИ ТАКРОРИИ ЗИРОАТҲО ВУСЪУТ ДОДА МЕШАВАД

КИШТИ ТАКРОРИИ ЗИРОАТҲО ВУСЪУТ ДОДА МЕШАВАД

5-08-2020, 14:34

Ба иттилои манбаъ, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров вохӯрии гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода Умед бо масъулон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз заминҳои корам ва рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дидан намуда, роҷеъ ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самаранок ва оқилонаи замин, бароҳ мондани кишти такрории сабзавот, аз ҷумла картошка, назорати нашъунамои пахта хуловаҳои худро иброз намуданд.

Муовини раиси вилоят бо назардошти вазъи баамаломадаи бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон дар пайи густариши бемории фарогири COVID – 19  ба васеъ намудани майдони кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои ёрирасон, назди ҳавлигӣ, заминҳои ёрирасони назди ташкилоту муассисаҳо таъкид намуда, чораандешии мазкурро ба захиранамоии кофии ин маҳсулоти аввалия ва ба ин васила таъмини амнияти ғизоӣ арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки дар назди ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ заминҳои корами ёрирасон ба андозаи қобили таваҷҷӯҳ мавҷуд мебошанд ва кормандони ин муассисаҳо баҳри таъмини хоҷагиҳои худ бо ин маҳсулот метавонанд аз ин заминҳо самаранок истифода намоянд.

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ ба хоҷагиҳои пахтакори ноҳия вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо дар самти нашъунамои пахта, аз ҷумла тарзи дурусти озуқадиҳӣ, обмонӣ, сарчинкунӣ, мубориза бо ҳашарот ва нармкунӣ бо истифода аз таҷрибаи собиқадорони соҳа тавсияҳо дода шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ КИШТБОБ

Арсаи кишоварзӣ
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳокимияти давлатӣ
КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ АЗ ЯК МИЛЛИАРД СОМОНӢ ЗИЁД ШУД

Иқтисоду тиҷорат