Дар як сатр
» » Аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон 1733 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва семент ба хориҷи кишвар содирот гардид

Аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон 1733 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва семент ба хориҷи кишвар содирот гардид

5-08-2020, 15:25

Ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли 2020 аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон 19 вагон пиёз бо вазни 1140 тонна, 1 вагон сабзӣ бо вазни 49 тонна ба Қазоқистон ва Федератсияи Россия ва 8 вагон семент бо вазни 544 тонна ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот шудааст.

Ба иттилои Дилшод Шафизода, сардори истгоҳи роҳи оҳани Хатлон, ҳамзамон муовини сардори Хадамоти боркашонии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, содироти маҳсулоти киршоварзӣ идома дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва ҳавасмандсозии кишоварзону тоҷирони вилоят ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳани минтақаи Хатлон — Амузанг, ҳамасола КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сабукиҳои имтиёзнок барои соҳибкорон ва интиқолдиҳандагонро пешниҳод мегардонад.

Ҳамчунин, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг тавассути нимвагон 60%, вагони болопӯш 40% ва барои интиқоли пиёз ва маҳсулоти кишоварзии зудвайроншаванда аз ҳамаи истгоҳҳои вилоят 60% сабукиҳо пешниҳод шудааст.

Дар ин баробар, ҷиҳати ҷалби соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ барои ҳама намуди борҳои аз минтақаи Хатлон содиршаванда ва ҳам ба минтақаи Хатлон воридшаванда 40% сабукиҳо пешниҳод шудааст.

Бояд қайд намуд, ки «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани содироту воридоти ҳама намуди борҳо аз минтақаи Хатлон ва ҳамчунин, ба минтақаи Хатлон бо роҳи оҳани дигар давлатҳо як қатор вохӯриҳои дуҷониба анҷом дода, дар натиҷа як қатор сабукиҳо пешниҳод шудаанд.

Аз ҷумла, барои интиқоли борҳои транзитие, ки тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузаранд, барои ҳама намуди бор дар вагонҳои инвентарӣ 40% ва дар вагонҳои шахсӣ 35% сабукиҳо пешниҳод шудааст.

— Хуб мешуд, ки шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ аз сабукиҳои додашудаи роҳи оҳани Тоҷикистон истифода менамуданд, зикр намуд Д. Шафизода. — Бо ин мақсад кишоварзону саноатчиёни шаҳру навоҳии вилоят аз истгоҳҳои Бохтар, Ёвон, Шаҳритуз, Ҷ. Балхӣ, Данғара ва Кӯлоб бе мушкилӣ ҷиҳати воридоту содироти маҳсулот метавонанд истифода баранд.

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон минбаъд низ барои ҳавасмандсозии соҳибкорони ватанӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ яке аз самтҳои асосии хизматрасониро дар ҳавасмандгардонии содирот таъкид доштанд. Бо мақсади пайравӣ аз ин дастур маъмурияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон имтиёзҳои зиёдеро ҷиҳати саривақт ва беосеб расидани бор то манзил роҳандозӣнамудааст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РОҲИ ОҲАН. НАҚЛИЁТИ АРЗОНУ БОВАРИНОК

РОҲИ ОҲАН. НАҚЛИЁТИ АРЗОНУ БОВАРИНОК

Иқтисоду тиҷорат

Имтиёзҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба соҳибкорон

Хабарҳо
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА