Дар як сатр

ХАНДАИ БАХТ

30-07-2020, 02:04

То замони Истиқлолияти давлатӣ шояд садҳо духтаракони донишманду соҳибистеъдод аз деҳоти дурдасти Тоҷикистон орзуи идомаи таҳсил дар донишгоҳро дар замирашон куштаанд. Хуруфотпарастии волидайн намегузошт, ки духтарон хонда, соҳибмаълумот шаванд. Духтарон низ аз рӯйи иззату эҳтиром ба волидайн ҳамеша сукут меварзиданд, агар талош ҳам мекарданд, аксаран муваффақ намешуданд.

Як бурди духтарони замони соҳибистиқлолӣ ғамхории падарона ва сиёсати дурандешонаю оқилонаи Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст дар мавриди таҳсили ҷавондухтарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа. Бо пешниҳод ва иқдоми бевоситаи Сарвари мамлакат барои духтарони болаёқати деҳаҳои дурдасти кӯҳистон квотаи президентӣ таъсис дода шуд. Инак, соли 23-юм аст, ки ҳазорҳо духтарон тариқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кардаву соҳибмаълумот гардида, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.

Қаҳрамони матлаби мо Ҳусноро Муродова аз ҷумлаи чунин духтарони хушбахт аст, ки орзуи кӯдакии хешро бо ба тасвиб расидани ҳамин қарори Президенти мамлакат ҷомаи амал пӯшондааст.

Ҳусноро зодаи ноҳияи Хуросон аст ва 33 сол дорад. Соли 2003 мактаби №4-и ноҳияро бо сарбаландӣ хатм кардааст.

Ба қавли Ҳусноро, аз лаҳзаҳои аввали мактабхонӣ чеҳраи зебои муаллимаи аввалинаш Турсуной Қаландарова бо муҳаббату самимияташ, лабханди ширинаш дар қалби кӯчакаш ҷой гирифта буд. Баъзан вақт, ҳангоми бозиҳои кӯдакона бо зочаҳояш тақлид ба муаллимааш карда, ба онҳо гӯё дарс мегуфт.

«Ин ҳама шавқу шӯри маро дида, падарам мегуфтанд: "Духтарам нағз хон, туро ҳатман муаллима мекунам», - ба ёд оварда мегӯяд Ҳусноро.

Ана ҳамин умедворсозиҳои падар муҳаббати Ҳуснороро ба донишандӯзӣ бештар месохт.

Солҳое, ки Ҳусноро толибилм буд, мушкилоти таҳсили нопурраи духтарон дар тамоми деҳаҳои дурдаст ба чашм мерасид. Волидайн низ бо тарсу ҳарос ва овозаҳо садди роҳи таҳсили духтарон мешуданд. Аммо падари Ҳусноро қавлашро нашикаст. Волидайннамехостанд, ки дар оянда ӯ мисли баъзе духтарони таҳсилнодидаи деҳотӣ дар зиндагӣ дучори мушкилот гардад.

Бахт ба рӯйи Ҳусноро хандид. Аз як тараф устувории аҳди падар, бар замми ин роҳандозӣ шудани квота барои идома додани таҳсили духтарони лаёқатманди деҳоти дурдаст дар мактабҳои олии мамлакат ниҳоли орзуҳои кӯдакии ӯро сабзонид.

Соли 2003, баъди хатми мактаби деҳа барои амалисозии орзуҳои наврасӣ тариқи квотаи президентӣ шомили Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Дар донишгоҳ Ҳусн-оро ба хотири одобу ахлоқи намунавию дониши хуб ва ҳам ба хотири соҳиби номи «духтари Президент» буданаш, байни устодону ҳамсабақон соҳибиззат гардида буд.

Факултаи филологияи тоҷикро Ҳусноро соли 2008 бо муваффақият хатм намуда, бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт. Корро дар мактабе, ки солҳо устодон ӯро таълиму тарбияаш дода буданд, оғоз кард. Инак, 12 сол мешавад, ки Ҳусноро омӯзгор аст. Баъди як соли ҷонишини директор шуда кор карданаш малакаву кордонӣ, одобу ахлоқи ҳамидаашро ба инобат гирифта, аз моҳи январи соли 2019 ӯро сарвари мактаби мазкур таъ-йин карданд. Бо боварӣ мегӯяд, ки ғамхортарин омӯзгор ва сазовортарину муваффақтарин зани ноҳия хоҳад буд.

- Вақте вориди синфхона мешавам, нақши сарвари мактаб не, балки масъулияти омӯзгориро ба иҷро меорам, - мегӯяд Ҳусноро. - Ҳамон омӯзгоре, ки қалби поку нигоҳи гарм дорад ва бо дасту дили пок дар ҳама ҳолат дастгиру мададгори шогирд аст.

Ба қавли Ҳусноро, асоси то ба ин мартаба расиданаш дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат нисбати духтарони деҳот гаштааст. «Ҳарчанд падарам барои соҳибмаълумот гаштани ман розӣ буд, аммо агар Пешвои ғамхору некбин намедоштем, шояд ба ин қуллаҳои баланд намерасидам», - иброз медорад Ҳусноро.

Дувумин асоси пешравии худро аз ғамхориву дастгирии ҳамешагии аҳли омӯзгорон медонад, яъне ҳамон устодони ғамхоре, ки ба вай дарс гуфта буданд. - Бе маслиҳати онҳо ба ҷое расидани ман ғайриимкон аст. Дастгириву машварати онҳост, ки имрӯз мактабе, ки сарвараш ҳастам, беҳтарин мактаби ноҳия пазируфта шудааст. Аз мактаби мо танҳо ҳамин сол панҷ нафар духтарон тариқи квотаи президентӣ ба беҳтарин донишгоҳҳои кишвар шомил шудаанд, - бо оҳанги ифтихор зикр намуд Ҳусноро Муродова.

Бале, Ҳусноро бо талошу кӯшишҳои ҳамешагӣ тавонистааст соҳибобрӯйи коллектив, садрнишини маҳфили занон дар деҳаи Меҳнат ва намунаи ибрати садҳо нафар ҷавондухтарони ноҳияи Хуросон гардад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

5 ҲАЗОР ҶАВОНОН ДОНИШГОҲҲОРО ТАРИҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ХАТМ КАРДААНД

Маориф ва илм
Духтарони фаъоли ояндасоз

Духтарони фаъоли ояндасоз

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Таъсиси грант барои духтарони деҳот

Таъсиси грант барои духтарони деҳот

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....

Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
Номаи сипоси «духтари Президент»

Номаи сипоси «духтари Президент»

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА