Дар як сатр
» » ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ-ВАЗИФАИ РӮЗ

ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ-ВАЗИФАИ РӮЗ

30-07-2020, 01:59

Таъмини бехатарии озуқаворӣ вазифаи Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон буда, фаъолияти худро баҳри беҳтар намудани вазъи корҳои зироаткорию чорводорӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят равона намудааст. Дар ин хусус суҳбате доштем бо раиси Раёсат Ҳасанзода Меҳроҷ Аслан. Муҳтавои суҳбатро пешкаши хонандагон мегардонем.

- Меҳроҷ Ҳасанзода, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ним соли ҷорӣ дар ин самт чӣ корҳоро ба анҷом расонид?

- Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи масъулини Раёсати Кумита ва марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри бехатарии озуқаворӣ ва таъмини иҷрои талаботҳои байторию санитарӣ то имрӯз дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ 97681 намунаи маводро аз санҷиш гузаронидаанд. Аз ин гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 17316, шир ва маҳсулоти ширӣ 8737, равғани растанӣ 2459 намуна, тухми мурғ 6074 дона, моҳӣ 1265, асал 497, маҳсулоти шӯрӣ 5643, маҳсулоти хушк 5818, меваю сабзавот 47292, тарбуз ва харбуза 2580 донаро ташкил медиҳад.

Аз миқдори санҷишҳои гузаронидашуда маводҳои ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯ набудан тухм 7683 дона, шир ва маҳсулоти ширӣ 2528 кг ва маҳсулоти гӯштӣ 10890 кг, равған 617 кг, моҳӣ 379 кг, асал 247 кг, маҳсулоти шурӣ 2034 кг, маҳсулоти хушк 2555 кг, меваю сабзавот 31964 кг, полезиҳо 4092 кг аз фурӯш боздошта, нобуд карда шуданд.

- Яке аз омилҳои муҳим, ки ба рушди соҳаи зироатпарварӣ нақши калон мебозад, соҳаи тухмипарварӣ мебошад. Кадом навъи тухмиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят кишт мегузаронанд ва дар ин самт кадом корҳо иҷро шудаанд?

- Яке аз омилҳои пешрафт ва рушди соҳаи зироатпарварӣ ба тухмиҳои хуби аълосифат вобастагии калон дорад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2018, № 611 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 42 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин 28 хоҷагӣ танҳо дар самти тухмии пахта, 8 хоҷагӣ дар самти пахтаю ғалладонагӣ, 3 хоҷагӣ ба самти парвариши тухми ғалладонагӣ, ду хоҷагӣ дар самти тухмии юнучқа ва як хоҷагӣ дар самти тухмии сабзавот машғул мебошанд.

Дар вилоят майдони зиёдро кишти пахта ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ба навъҳои тухмии пахта аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Дар вилоят асосан тухмҳои навъи "Хатлон-2014”, "Кармен”, "Тоҷикистон”, "Сарбон” ва навъҳои америкоиро кишт мегузаронем, ки навъҳои хубу босифат ба шумор мераванд. Ҳамчунин, барои кишти ғалладонагиҳо тухмиҳои навъи "Краснодар-99”, "Басирбай”, "Садоқат” ва навъҳои тухмии хитоиро кишт менамоем. Агар мо кишт, парвариш ва коркарди онро, яъне агротехникаи парвариши ин навъ тухмиро дуруст ба роҳ монем, аз ҳар як гектар то 50-60-сентнерӣ ҳосил рӯёнида метавонем. Мутаассифона, навъҳои тухмии хитоӣ намнокии зиёдро, ки дар мавсими баҳор аз ҳисоби борон, жола ва офатҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд, тоб оварда наметавонанд.

-Оё ба вилоят дигар навъҳои тухмии зироатҳо аз хориҷи кишвар ворид мегардад?

-Дар давоми шаш моҳи соли равон ба ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят тухмиҳои пахтаи навъи "Бухоро-102” аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, MAY-505, MAY-344, MAY-455 ба миқдори 22 тоннааз тарафи заводи ҶДММ "Рушди пахтаи Хатлон”-и ноҳия Ҷ. Балхӣ аз давлати Туркия ворид гардид, ки тухмиҳои навъи элита мебошанд. Ҳамзамон ҶДММ "Баракати тоҷирон” аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон навъи пахтаи "Бухоро-102”-ро ворид намуд, ки тухмӣ дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Носири Хусрав кишт шудаанд.

Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон дар самти назорати тухмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини шуъбаи Раёсат бо якҷоягии мутахассисони Марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар қаламрави вилоят ба ташкили ниҳолпарварӣ ва фурӯши ниҳол машғуланд, 166 шаҳодатномаи мушаххаскунандаи навъи ниҳол барои 331962 ва кӯчати помидор 85596 бех дода шудааст.

Аз тарафи мутахассисони соҳа дар ин давра ба бахши озмоишгоҳи тухмисанҷии Маркази ташхиси бехатарии озуқавории вилоят 251 намуна ворид гардида, 1623 ташхис гузаронида шудааст, ки 1850 тонна тухмиро ташкил медиҳад, аз он 1675 тоннааш чигити тухмӣ аст. Аз ин миқдор 259 намунаи он шаҳодатномаи сифати тухмӣ соҳиб шуданд.

Ба бахши озмоишгоҳи фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази ташхиси бехатарии озуқавории вилоят 259 намуна ворид гардида, 482 ташхис гузаронид, ки аз он ташхиси энтомологӣ 223 гербологӣ 216 ва фитопотологӣ 43-то мебошад.

Дар ин муддат аз ҷониби мутахассисони соҳа ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳудуди вилоят ба истеҳсол, коркард, содироту воридот ва хариду фурӯши тухмӣ машғуланд, аз рӯи 98 ҳолат санҷиш гузаронида,барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта 140 амр ва 61 адад санад тартиб дода шуд.

- Имрӯзҳо авҷи дуюми сирояти COVID -2019 тамоми ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Раёсати Кумита оид ба пешгирии пандемияи каронавирус, чӣ корҳоро ба анҷом расонид?

-Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 марти соли 2020 №94 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-2019 дар вилояти Хатлон барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ситоди вилоятӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ва коргузорӣ, таъмин бо таҷҳизоту маводи лозимӣ чораҳои мушаххас андешид.

Бо мақсади ҳимояи ҳудуди вилоят аз таҳдиду хатарҳои воридшавӣ, пайдоишу паҳн-шавии ангезаҳои бемориҳои сироятӣ, зараррасонҳои каран-тинӣ аз ҷониби мутахассисон пайваста чораҷӯӣ намуда, бо ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 дастгоҳи ҳароратсанҷи рӯшноии сурхдори электронӣ-термовизор дастрас гардида, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқавории гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои истифода таъмин карда шудаанд.

Баҳри пурзӯр намудани назорат ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус дар ин даврануқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ бо маводи безараргардонӣ ва кормандони он бо сару либоси махсус таъмин гардида, нақлиётҳои ба ҳудуди вилоят воридшаванда безарар гардонида, майдончаҳои безараргардонӣ-дезковрик барои гузаштани мусофирон ташкил карда шуданд.

Наклиётҳои боркаше, ки барои ворид намудани борҳои таҳти назоратӣ ба сарҳади давлатӣ меоянд, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ борҳо ба автомашинаҳои аз ҷониби вилоят муқарраршуда гузаронида, ба ҳудуди вилоят ворид мегарданд.

Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят барои муътадил нигоҳ доштани вазъи эпидемиологӣ, пешгирии воридшавии ангезаҳои бемориҳои сироятӣ ва организмҳои зараррасони карантинӣ, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи коронавируси COVID 2019 дар ҳолати омодабош мебошанд.

-Барои суҳбататон ташаккур!

Мусоҳиб

Мирзо Усмони Тоҷ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТРО БРЕНДИ МИЛЛӢ МЕБОЯД

МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТРО БРЕНДИ МИЛЛӢ МЕБОЯД

Арсаи кишоварзӣ
РАИСИ ВИЛОЯТ: «ИСТЕҲСОЛ ВА ЗАХИРАИ ТУХМИИ ПАХТАИ НАВЪИ МАҲИННАХРО БОЯД ЗИЁД ...

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ИСТЕҲСОЛ ВА ЗАХИРАИ ТУХМИИ ПАХТАИ НАВЪИ МАҲИННАХРО БОЯД ЗИЁД ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ҳосили баланд аз тухмии хушсифат вобаста аст

Ҳосили баланд аз тухмии хушсифат вобаста аст

Арсаи кишоварзӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Арсаи кишоварзӣ
Ислоҳот - омили рушди кишоварзӣ

Ислоҳот - омили рушди кишоварзӣ

Арсаи кишоварзӣ