Дар як сатр
» » РУШДИ ДЕҲОТ ВА СОЛИМГАРДОНИИ ҶОМЕА

РУШДИ ДЕҲОТ ВА СОЛИМГАРДОНИИ ҶОМЕА

30-07-2020, 01:58

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 78 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, иловатан шумораи умумии иншоотҳои истифодашаванда ба 191 адад пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Нурмуҳаммад Саидзода иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади ободонии кӯчаю маҳалҳо, беҳдошти сатҳи хизматарсониҳои гуногун ва баланд бардоштани шароити иҷтимоии мардум то дар дурдасттарин деҳоти ноҳия лоиҳаҳои намунавии биноҳои маркази саломатӣ, таваллудхона, мактабу синфхонаҳои замонавӣ, коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, чойхонаву майдончаҳои варзишӣ, китобхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорон пешниҳод карда шудааст.

- То имрӯз аз шумораи умумии иншооти ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, 80 тои он ба истифода дода шудааст. Маблағи умумии иншооти сохтмонашон баанҷомрасида 15 миллиону 664 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, - иброз дошт Н. Саидзода.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ изҳор дошт, ки дар баробари беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинон, масъалаи солимгардонии аҳолиро бояд дар мадди аввал гузошта, таваҷҷуҳи мардумро ба тарзи ҳаёти солим ҷалбнамоем.

С. Ҷамолиддин,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар Ховалинг 330 иншоот бунёду навсозӣ мешавад

Хабарҳо

ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо