Дар як сатр
» » МАБЛАҒҲОРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД

МАБЛАҒҲОРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД

30-07-2020, 01:52

Дар толори маҷлисии Сарраёсати молияи вилоят ҷаласа оид ба натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои  вилоят дар шашмоҳаи якуми соли  2020 баргузор гардид. Дар он  Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят, кормадони дастгоҳи марказии Сарраёсати молияи вилоят, сардорони раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят  иштирок доштанд.

Нахуст, Назарзода Бахтиёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят, дар бораи натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳисобот дод.

- Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 91 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 629,9 млн сомонӣ маблағи пешбинишуда 579,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 51,0 млн сомонӣ кам иебошад, - иброз дошт  сардори Сарраёсати молияи вилоят.

Зимни баромади масъулони соҳа таъкид рафт, ки бақияпулии андозҳо дар шаҳри Бохтар 6,6 млн сомонӣ, шаҳри Кӯлоб 1,5 млн сомонӣ, ноҳияҳои Кӯшониён 3,6 млн сомонӣ, Вахш 4,0 млн сомонӣ, Хуросон 1,0 млн сомонӣ, Дӯстӣ 884,0 ҳазор сомонӣ, А Ҷомӣ 1,5 млн сомонӣ, Ҷайҳун 2,5 млн. сомонӣ, Шаҳритуз 3,4 млн сомонӣ, Муъминобод 455,0 ҳазор сомонӣ, Восеъ 3,5 млн сомонӣ, Фархор 242,0 ҳазор сомонӣ, Ховалинг 479,0 ҳазор сомонӣ ва Балҷувон 74,0 ҳазор сомонӣ нисбат ба аввали сол зиёд гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷети маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят бо назардошти маблағҳои  мақсадноки ҷумҳуривӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети вилоятӣ 836,4 млн сомонӣ равона карда шудааст, ки 87 фоизи нақшаи  хароҷотии буҷети маҳаллии вилоятро  ташкил медиҳад.

Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус,  муолиҷаи саривақтии беморон ва кумак ба оилаҳои ниёзманди вилоят аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус бақияи озоду даромади шаҳру навоҳӣ 13 миллиону 41 ҳазору 60 сомонӣ ҷудо гардид.

Назарзода Бахтиёр, ҳамчунин, иброз дошт, ки дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ, пеш аз ҳама таваҷҷуҳи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон барои пардохти  саривақтии музди меҳнат ва  сарфаи маблағҳои дуюминдараҷа нигаронида шуда, раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо кӯшиш ба харҷ доданд, ки аз рӯи  имкониятҳои воқеии буҷет  маблағгузории соҳаҳоро ба роҳ монанд.

Натиҷа ҳамин буд, ки дар маҷмӯъ 740,3 млн сомонӣ ё ин ки 88,5 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф 485,8 млн сомонӣ, тандурустӣ 215,6 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 4 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 33,5 млн сомонӣ равона карда шудааст.

 Сипас, Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада,  сардорони раёсатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои босифати буҷети маҳаллӣ, дарёфти манбаъҳои нави иловагии андозҳо чораҳои иловагӣ андешанд,  ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, дар мадди аввал маблағҳои воридгардидаро барои пардохти саривақтии музди меҳнат, фонди нафақа ва ҷубронпулиҳо равона намоянд.

Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр намуд, ки мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки  барои сифатнок иҷро намудани  нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва  самараноку мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷет аҳамияти хосса зоҳир намоянд, то дар фаъолити кориашон камбудиҳо дида нашавад.

Дар интиҳои ҷаласа   таъкид   карда шуд, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    фаъолиятро боз ҳам беҳтару хубтар намоянд, баҳри иҷрои мунтазами қисми даромади буҷет, кам намудани бақияпулиҳо, пардохти саривақтии маош кӯшиш ба харҷ диҳанд.

 

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуоти Сарраёсати

молияи вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ФОНДИ НАФАҚА БОЯД НАЗОРАТ ШАВАД

ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ФОНДИ НАФАҚА БОЯД НАЗОРАТ ШАВАД

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ
ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ - БА МАНФИАТИ КОР

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ - БА МАНФИАТИ КОР

Иқтисоду тиҷорат
Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Иқтисоду тиҷорат
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА