Дар як сатр
» » Қурбон ҲАКИМЗОДА: «АЗ ҲАМКОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО МИННАТДОРАМ»

Қурбон ҲАКИМЗОДА: «АЗ ҲАМКОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО МИННАТДОРАМ»

30-07-2020, 01:40

28-уми июли соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони ВАО баргузор гардид.

 

Раиси вилоят сараввал аз нишонди-ҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 ба таври мухтасар иттилоъ дод. Аз ҷумла афзуд, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 8605.0 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 3,2 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2020-ум 100,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 711,8 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 3,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи андозҳо 101,3 фоиз-ро ташкил медиҳад. Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 836,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 740,6 миллион сомонӣ, ё ин ки 88,5 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Дар 6 моҳи соли 2020 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 678,6 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 33,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад (105%). Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 241,8 миллион сомонӣ (35,6%), саноат, сохтмон ва нақлиёт 178,1 миллион сомонӣ (26,2%), савдо 141,1 миллион сомонӣ (20,8%), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 4,3 миллион сомонӣ (0,6%) ва дигар соҳаҳо 113,2 миллион сомонӣ (16,8%) равона карда шудааст.

Гардиши мол ба 3061,6 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 194,7 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 6,8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 942,3 миллион сомонӣ расидааст.

Гардиши савдои хориҷӣ 144,1 миллион доллари америкоӣ ҳисоб шуда, аз он содироти мол 61,0 миллион доллар ва воридоти мол ба вилоят 83,0 миллион долларро ташкил додааст. Дар вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 390,0 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 1671,3 миллион доллари америкоиро ташкил дода, 1476,1 миллион доллари америкоӣ сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.

Дар ин давра дар миқёси вилоят 21452 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз ҳисоби баргузории 155 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, ки дар шаҳру навоҳӣ ташкил намудаанд 2107 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар умум 3596 нафар шаҳрвандони бекор бо шуғл фаро гирифта шуданд.

 

Дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 1045,5 сомонӣ баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 4,9 фоиз афзоиш ёфт. Ин нишондиҳанда дар соҳаҳои саноати истихроҷ 2139,2 сомонӣ, саноати коркард 2030,9 сомонӣ, сохтмон 1497,9 ва коммуналӣ 1045,3 сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5868,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 466,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 462978 тонна ғалладона, 715452 тонна сабзавот, 120391 тонна картошка, 232686 тонна полезӣ, 52708 тонна меваҷот ва 1988 тонна ангур истеҳсол гардид. Дар вилоят 1029,0 гектар боғҳои нав, 193 гектар токзорҳои нав, 26,0 гектар боғҳои интенсивӣ, 19,3 гектар боғҳои ситрусӣ, дар маҷмӯъ 1031,0 гектар боғу токзор бунёд гардида, майдони 414,7 гектар боғу токзорҳои куҳна барқарор карда шуд. Ба санаи 10 июли соли 2020 аз вилоят ба хориҷи кишвар 84311,6 тонна маҳсулот содирот шуда, иҷрои дурнамо 94 фоиз таъмин шуд. Аз ин миқдор 77881,8 тонна пиёз, 59,8 тонна полезӣ, 3153,0 тонна лимӯ ва дигар намуди маҳсулот 3217 тоннаро ташкил дод.

Чорводорони вилоят 35341 тонна гӯшт, 144184 тонна шир, 41,2 миллион дона тухм, 2903 тонна пашм ва 547,3 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мутаносибан аз 0,8 то 36,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар 6 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 3800,1 миллион сомонӣ расид, ки он нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 186,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар вилоят 90 адад номгӯи муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. Дар корхонаҳои саноатии вилоят 11096 тонна гӯшт ва каллапоча, 2818 тонна гӯшти мурғ ва 267,3 тонна ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ, 488,1 тонна маҳсулоти шири холис, истеҳсоли консерва 2601,9 ҳазор қуттии шартӣ, коркарди намаки ошӣ 5337,8 тонна, маҳсулоти қаннодӣ 771,1 тонна, обҳои ташнашикан 16272 декалитр, маҳсулоти макаронӣ 98 тонна, нахи пахта 7574 тонна, гирдаҳои пахтагин 378,3 ҳазор дона, пахтаи тиббӣ 444 ҳазор дона, ниқоби тиббӣ 2457 ҳазор дона, маҳлул барои беҳдошти шахсӣ 27,1 ҳазор дона, либоси махсуси тиббӣ 1707 дона, газворҳо 43,7 ҳазор метри мураббаъ, матои адрас 11,2 ҳазор метри мураббаъ, маҳсулоти дӯзандагӣ ба маблағи 8207,1 ҳазор сомонӣ истеҳсол шуд.

Бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва сохтмони 7654 бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли 2020 дар 4378 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки 57,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2020-ум 2104 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 843 иншоот ба истифода дода шуд.

Дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ 11,6 миллион тонна иҷро гардида, мусофирбарӣ ба 54,1 миллион нафар расонида шуд.

Дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 18 миллиону 923 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла, 62,2 километр роҳҳо аз таъмири асосӣ, 1322,8 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, 317,2 километр роҳҳо сангфарш карда шудаанд. Инчунин, 45пул бо дарозии 478 метр таъмир ва 9 қубур бо дарозии 254 метр шинонда шуд.

 

Аз ҳисоби соҳибкорон таъмири асосии роҳҳо 48,9 километр, таъмири ҷорӣ 35,7 километр, сангфаршкунӣ 3,8 километр ва таъмиру барқарорсозии 41 пул бо дарозии 382 метр ва шинондани 9 қубур бо дарозии 254 метр, ба анҷом расонда шуд, ки маблағи сарфшуда 11,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар 1352 муассисаи таълимии вилоят 752 ҳазору 686 нафар хонандагон, аз он ҷумла 362 ҳазору 772 нафар духтарон дар соли хониши 2019 - 2020 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Нисбати ҳамин давраи соли 2019 шумораи муассисаҳои таълимӣ 9 адад, томактабӣ 11 адад, Маркази инкишофи кӯдакон 62 адад, теъдоди омӯзгорон 559 нафар, ва хонандагон 23625 нафар, аз ҷумла духтарон 12508 нафар зиёд гардидааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 153 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 16652 нафар ва 802Маркази рушди кӯдак бо фарогирии 20521 нафар кӯдакон фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак дар вилоят 37 ҳазору 173 нафарро ташкил медиҳад.

Бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони 603 иншоот дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 151 муассисаи томактабӣ, 440 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 12 синфхонаи иловагӣ сохта мешавад. То 1 июли соли 2020 дар 247 иншоот корҳо ба анҷом расиданд.

Дар 1666 муассисаи тиббии вилоят 3758 нафар духтурон бо маълумоти олӣ ва 18333 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони 941 иншоот дар соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 52 беморхона, 105 маркази саломатӣ, 335 бунгоҳи тиббӣ, 223 нуқтаи хатнакунӣ, 30 таваллудхона ва 196 дорухона сохта мешавад. То 1 июли соли 2020 дар 489 иншоот корҳо ба анҷом расиданд.

Дар соҳаи фарҳанги вилоят китобхонаҳо 491 адад, муассисаҳои клубӣ 285 адад, боғҳои фарҳанг ва истироҳатӣ 30 адад, осорхонаҳо 20 адад, мактабҳои бачагонаи мусиқӣ 29 адад, ансамблҳои халқии тарона ва рақс 12 адад, театрҳои касбӣ 3 адад, театрҳои халқӣ 5 адад, ансамблҳои касбии вилоят 3 адад, филармонияҳои халқӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Кӯшониён ва Восеъ фаъолият мекунанд.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 106 иншооти нави фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 7 иншооти дигар аз таъмир бароварда шуд.

Дар вилоят 3056 майдончаи варзишӣ, 533 толори варзишӣ, 35 варзишгоҳ, 33 ҳавзҳои шиноварӣ,7 маҷмааи варзишӣ ва 223 иншооти махсуси варзишӣ (фитнес, тир ва ғайра) фаъолият доранд. Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 274 медали тилло, 236 медали нуқра, 230 медали биринҷӣ гардидаанд. Бахшида ба ҷашни30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони 590 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. То 1 июли соли 2020-ум 260-тои он сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 106 меҳмонхона, 111 мавзеъҳои сайёҳӣ, 91 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 126 тарабхона, 39 осорхона, 69 чойхона, 250 банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 57 ҳомстей ва гестхаус, 77 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 116 зиёратгоҳ, 31 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 23 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Тибқи маълумоти масъулони шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон то ин муддат, дар умум, 42 ҳазору 399 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ (1652 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 40747 нафар сайёҳони дохилӣ) ташриф овардаанд.

Пас аз гузориши мукаммали раиси вилоят оид ба фаъ-олияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар шаш моҳи соли равон кормандони васоити ахбори омма перомуни масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, таъминоти оби ошомиданӣ, вазъи мелиоративии заминҳо, каналу заҳкашҳо, фарогирии атфол ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таъмини фазои иттилоотӣ, пешгирии интиқол ва табобати бемории коронавирус, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, вазъи муассисаҳои варзишӣ, масоили марбут ба баҳсҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи замин ва ғайра ба раиси вилоят суолҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ як гурӯҳ собиқадорони матбуот, намояндагони ВАО бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва роҳхатҳои табобатӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

Раиси вилояти Хатлон миннатдории хешро ба намояндагони ВАО ҷиҳати ҳамкории пайваста бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва табобати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус расонида, таъкид дошт, ки саҳми васоити ахбори омма дар рушди хоҷагии халқ арзанда аст.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қурбон Ҳакимзода: «БАҲРИ ҲАРЧИ ЗУДТАР ҶАМЪОВАРӢ КАРДАНИ ПАХТА ВА ЗАХИРАИ ХӮ ...

Қурбон Ҳакимзода: «БАҲРИ ҲАРЧИ ЗУДТАР ҶАМЪОВАРӢ КАРДАНИ ПАХТА ВА ЗАХИРАИ ХӮ ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА БЕШ АЗ 2969 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

Ҳокимияти давлатӣ

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ