Дар як сатр
» » БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

23-11-2017, 10:24

БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

Шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста шуда, ҳар як далели идора кардани воситаҳои нақлиёт бо чунин шаҳодатнома, ба таври боздошти воситаи нақлиёт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ронанда ҷазо дода мешавад.

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи куҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия додааст, ки то 1 декабри соли 2017 ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд. Тибқи нархномаи хизматрасониҳо, барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ (бланкаи шаҳодатнома - 248 сомонӣ; талони қайди қоидавайронкунӣ - 19 сомонӣ; маълумотномаи тиббӣ - 70 сомонӣ) ҷамъан 337 сомонӣ ва барои ивази рақами қайди давлатӣ (рақами қайди давлатӣ - 210 сомонӣ; шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт - 210 сомонӣ; азназаргузаронии воситаи нақлиёт - 6 сомонӣ) 426 сомонӣ сарф хоҳад шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
56 ҳазор сомонӣ ба ҷайби кӣ рафт?

56 ҳазор сомонӣ ба ҷайби кӣ рафт?

Маориф ва илм, Таҳқиқи журналистӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР