Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

4-08-2020, 06:34

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

25 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари корӣ намуд.

 

Ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили дар хоҷагиҳо парваришшуда, кишти такрорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки заминҳо, ташкили боғҳои интенсивии ба содирот нигаронидашуда, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ мебошад.

Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргарони хоҷагиҳои "Сомонҷон”, "Фатҳиддин” ва "Барно” шинос шуданд.

Боздиди кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии "Сомонҷон” оғоз ёфт. Ёдовар мешавем, ки солҳои 2018 ва 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии "Сомонҷон” 200 гектар боғи интенсивӣ таъсис ёфта буд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат ба роҳбарияти Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон” супориш дода буданд, ки то ба ҳосил даромадани боғҳо дар байни қатори дарахтон зироати гуногун, аз ҷумла полезӣ, помидор, бодиринг, каду, пиёз, картошка ва қаланфури булғорӣ кишт намоянд. Ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин хоҷагӣ назорати рафти иҷроиши супоришҳо мебошад.

Зимни боздид аз Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагон аз заминҳои полезӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъоварӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба раисишаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки аз ҳосили имрӯз ҷамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт:мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва мактаб - интернати рақами 2-и кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонна полезӣ кумаки моддӣ расонанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба захираи маводи ғизоӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш ва ба мардуми кишвар барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду- се ҳосил ва ба таври кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ дар хонаҳояшон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар хоҷагии бисёрсоҳаи "Сомонҷон” имсол дар майдони 170 гектар полезӣ кишт карда шудааст, ки аз ин 130 гектар дар байни боғҳо ҷойгиранд. Дар хоҷагӣ масъалаи истифодаи замин ба таври намуна ба роҳ монда шуда, ба ғайр аз тарбузу харбуза, дар байни қатори боғҳо 60 гектар маккадон ва 10 гектар бо усули обёрии қатрагӣ пиёз кишт гардидааст.

Нақшаи кишти такрории хоҷагӣ низ хуб буда, коргарон дар заминҳои аз зироати ғалладона холишуда маккадон, мош, помидор, тарбуз, бодиринг, каду, картошка, карам ва дар 150 гектар сабзӣ коридаанд.

Тавре мушоҳида гардид, ҳосили дилхоҳи зироат ва полезӣ дар хоҷагии "Сомонҷон” имсол фаровон аст. Деҳқонони хоҷагӣ маҳсулоти парваришкардаи худро аз сари замин ба тоҷирон мефурӯшанд. Содироти тарбузу харбуза ва дигар сабзавоту меваҷоти хоҷагӣ ба бозорҳои ноҳияи Данғара, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пойтахт хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар хоҷагии "Сомонҷон” Сарвари давлат бо фарзандону наберагон аз заминҳои серҳосили тарбуз, харбуза ва маккаи дон дидан карданд.

Дар ин хоҷагӣ таҷрибаи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва пеш аз ҳама ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар бахши боғдорӣ, зироаткорӣ ва полезӣ хуб истифода мегардад. Натиҷаи ҳамин аст, ки дилхоҳ зироати кишоварзӣ ҳосили фаровон медиҳад.

Дар ин ҷо, ҳамчунин, ба масъалаи азхудкунии заминҳои талу теппаи беҳосилу солҳо бекорхобида аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин ҳосили заминҳои обёришуда ва ба гардиши кишоварзӣ даровардашуда шинос шуда, ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.

Ин тарзи ташкили кор аз бисёр ҷиҳат метавонад намунаи ибрати дигар истифодабарандагони замин гардад, зеро дар хоҷагӣ ягон порча замин бекор нест. Аз ҳар як қитъа ду-се ҳосил гирифта мешавад.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи хоҷагии деҳқонии "Барно” дидан карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои дарахтони боғи интенсивӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо дар масоҳати 11 гектар замини солҳо бекорхобида бо усули обрасонӣ боғ бунёд карда шудааст, ки 60 нафар бо кори доимӣ ва мавсимӣ беш аз 200 нафар барои ҷамъоварии ҳосил ба кор ҷалб гардидаанд.

Коргарони хоҷагии деҳқонии "Барно” байни қатори боғро самаранок истифода бурда, кишти полезӣ, картошка, помидору бодиринг ва лӯбиёгиҳоро гузаронидаанд.

Ҳолати токзори боғ низ хуб буда, дар 4 гектар 460 бех ангур парвариш меёбад. Дар масоҳати 11 гектар боғи хоҷагӣ аз соли 2014 шинонидани дарахтон оғоз гардид, то имрӯз 1706 бех олу, 276 бех себи шоҳӣ, 260 бех себи интенсивӣ, 400 бех зардолу, 420 бехшафтолу, 146 бех гелос, 200 бех олучаи бобогӣ, 460 бех ангур ва хуч 1000 адад мавҷуд аст.

Аз ҳосили ба дастоварда имсол 36 тонна олуи хушсифат ба Федератсияи Россия ва 20 тонна олу барои коркард ба корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Муъминобод фиристода шуд. Дар худи хоҷагӣ қариб 20 тонна зардолу хушк кардаанд.

Дар доираи сафари корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зулоли Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф, ҳамчунин, аз заминҳои полезии хоҷагии деҳқонии "Фатҳиддин” боздид намуданд.

Коргарони хоҷагӣ дар майдони 12 гектар кишти полезии тарбузу харбуза гузарондаанд, ки ҳосилаш фаровон аст. Дар ин ҷо тариқи кишти зери плёнка навъҳои серҳосил ва хуштамъи тарбузу харбуза, байни қатор бошад, парвариши дигар сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Аз рӯи маълумоти роҳбарияти Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф дар ҳудуди ҷамоат 7130 гектар замин мавҷуд буда, аз он 2510 гектарашро замини обӣ ташкил медиҳад. Дар 220 гектар боғ бунёд ёфтааст. Кишти полезӣ дар ин деҳот 130 гектарро ташкил медиҳад, ки 10 гектараш замини лалмӣ ва 120 гектарро замини обӣ ташкил медиҳад.

Нақшаи кишти такрорӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф 1170 гектар буда, айни ҳол дар 800 гектари он кишт гузаронида шудааст. Корҳо дар ин самт ҳанӯз идома дорад. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо кишти картошка ба роҳ монда мешавад.

Данғараяке аз ноҳияҳои калонтарини саноативу аграрии вилояти Хатлон ба шумор меравад. Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Данғара ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 июли соли 2020 ба 389 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти кишоварзони ноҳия дар майдони 40 ҳазору 697 гектар кишти зироатро, аз ҷумла дар 30 ҳазор гектар ғалладонагӣ, дар 690 гектар картошка, дар 1389 гектар сабзавот, дар 4587 гектар пахта ва ғайра гузаронидаанд.

Ҳамаи ҷаҳду талоши сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Данғара ба он равона гардидааст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва обу ҳавои мусоид, инчунин, истеҳсоли маводи ниёзи аввал дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

www.president.tj

 

 

Роҳат сафед бодо!

Эй Пешвои миллат, эй раҳнамои миллат,

Эй чашмкушои миллат, роҳат сафед бодо!

Эй раҳкушои миллат, кардӣ фузун хизмат,

Эй марди пурсаодат, роҳат сафед бодо!

Андар раҳи саодат, саодату садоқат,

Сарвар шудӣ ба давлат, роҳат сафед бодо!

Бар кафи хоки Ватан, фидо гуфти ҷону тан,

Сарвари ҳар анҷуман, роҳат сафед бодо!

Эй чеҳраи тоҷикон, эй марди ширинбаён,

Кардӣ Ватан шукуфон, роҳат сафед бодо!

Ту Рустами замонӣ, авлоди ориёнӣ,

Раҳкушои Сомонӣ, роҳат сафед бодо!

Бар каф гирифтӣ Ватан, баробар бо ҷону тан,

Онро намудӣ гулшан, роҳат сафед бодо!

Эй Сарвари тоҷикон, тоҷикони дар ҷаҳон,

Тоҷвари тоҷи замон, роҳат сафед бодо!

Миллат ба худ падар ёфт, марди соҳибҳунар ёфт,

Эй падари меҳрубон, роҳат сафед бодо!

Эй падари тоҷикон, авлоди Оли Сомон,

Кардӣ Ватан гулафшон, роҳат сафед бодо!

Халифаи Данғарагӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳокимияти давлатӣ
КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ҷамоати д ...

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ҷамоати д ...

Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ