Дар як сатр
» » БОЗДОШТ ШУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ 159 АДАД ИНШООТ

БОЗДОШТ ШУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ 159 АДАД ИНШООТ

15-07-2020, 23:22

БОЗДОШТ ШУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ 159 АДАД ИНШООТ

- 1348 нафар қонунвайронкунанда барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ пратаколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 283523 сомонӣ ҷарима баста шудаанд, гуфт – Нурулло Бояков, директории Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ.

Мавсуф илова намуд, ки фаъолияти 159 адад иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ мувақатан боздошт карда шудааст. Бинобар дарёфти барангезандаҳои сироятӣ ва сари вақт нагузаштан аз муоинаи тиббӣ 120 нафар кормандон аз кор барканор карда шудаанд.

- 8627,4 кг/л маҳсулоти хӯроквории пастсифат аз қабили гуштию ширӣ, қаннодӣ, тухм, равғани растанӣ ва нӯшокиҳо ба маблағи 71715,6 сомонӣ, инчунин 103 адад бозичаҳои кӯдаконаи пастсифат ба маблағи 791 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст, гуфт – Н. Бояков.

Гуфта шуд, ки вобаста ба дарёфти барангезандаи бемории коронавирус дар вилоят ташхиси вирусологӣ ба роҳ монда шуд. Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар чунин ташхисҳо фаъолиятро оғоз намуда, 5179 адад намунаи олоиши аз шаҳрвандон гирифта шуда, дар 685 намуна вируси коронавирус дарёфт гардид, ки 13,2 фисадро ташкил медиҳад. Айни замон гузаронидани ташхисҳо дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб идома дорад.

Дар қисмати дигари нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма хусуси ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй набудани Марказҳои санитарӣ эпидемиологӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Вахш , мувофиқи ихтисос фаъолият накардани директорони Марказҳои мазкур дар шахру ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Норак, Вахш, риоя нашудани ҳолати санитарӣ дар бозор ва ошхонаҳо, муносибати фурӯшандаҳо дар дорухонаҳо, норасоии доруворӣ, осебдидагон аз ҳайвонот ва фавт, паҳншавии бемориҳои сироятӣ суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

С.АЗИЗ 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

975 НОМГӮЙИ МАВОДИ ДОРУВОРИРО  АЗ МУОМИЛОТ ГИРИФТАНД

975 НОМГӮЙИ МАВОДИ ДОРУВОРИРО АЗ МУОМИЛОТ ГИРИФТАНД

Тандурустӣ ва экология

Ҷаримаи 72 вайронкунандаи қоидаҳои санитарӣ

Хабарҳо

Кори 18 сартарошхона манъ гардид

Хабарҳо

Рейди муштарак камбудиҳоро ошкор намуд

Хабарҳо
Нисбат ба роҳбарони бемасъулияти муассисаҳои тиббӣ чора андешиданд

Нисбат ба роҳбарони бемасъулияти муассисаҳои тиббӣ чора андешиданд

Тандурустӣ ва экология