Дар як сатр
» » 70 нафар хонанда гирандагони Стипендияи раиси вилояти Хатлон дар соли 2020

70 нафар хонанда гирандагони Стипендияи раиси вилояти Хатлон дар соли 2020

15-07-2020, 23:20

70 нафар хонанда гирандагони Стипендияи раиси вилояти Хатлон дар соли 2020

- Омилҳои ба худкушӣ даст задании ноболиғон, норасоии китобҳои дарсӣ, нашри ками китобҳои дарсӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, сабаби кам ҳавасманд гардонидани омӯзгорони ҷавон, омилҳои ба ҷои кор ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон тибқи роҳхат, дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият кардани муассисаҳори таълимӣ, бесуратҳисоб фаъолият доштани Шӯрои падару модарон ва фавти омӯзгорон аз бемории коронавирус, мутобиқатии китобҳои дарсӣ ба барномаи таълимӣ, саривақт нагирифтани маблағи рухсатии омӯзгорон дар Кӯлоб, Левакант, Балҷувон ва дигар шаҳру навоҳӣ аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳ ва суолгузории рӯзноманигорон зимни нишасти хабарии Раёсати маорифи вилояти Хатлон қарор гирифтанд.

Диловаршоҳ Исозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба фаъолияти соҳа ба таври муфассул ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят 153 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 16652 нафар ва 799 Маркази рушди кӯдак бо фарогирии 20070 нафар кӯдакон фаъолият мекунанд. Давоми соли ҷорӣ 3 муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Шумораи омӯзгорон 559 нафар нисбати соли гузашта зиёд шудааст. Мавсуф илова кард, ки 1232 нафар омӯзгорони ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои кор ҳозир шуданд, ки 77 фисадро ташкил медиҳад. 367 нафар омӯзгорони ҷавон бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир нашудаанд. Имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят ба 942 кадрҳои равияи омӯзгорӣ эҳтиёҷ аст. Хусусан аз фанҳои алифбои ниёгон, технологияи информатсионӣ, забони давлатӣ, забон ва адабиёти тоҷик, технологияи меҳнат, физика ва амсоли ин.

- 42207 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон аз қайди имтиҳоноти ММТ гузаштанд, ки 2635 нафар нисбати соли гузашта зиёд мебошанд.

Д.Исозода ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои дақиқ дода, ба рӯзноманигорон барои ҳамкорӣ миннатдорӣ баён намуд.

 

 

С.АЗИЗ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЁВОН. БЕЗАРАРГАРДОНИИ COVID-19

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология

Дар Ховалинг норасоии омӯзгорон бартараф шуд

Хабарҳо
Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Хабарҳо, Маориф ва илм
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм