Дар як сатр
» » Тамринҳои муштараки низомии неруҳои СААД

Тамринҳои муштараки низомии неруҳои СААД

23-11-2017, 10:19

Тамринҳои муштараки низомии неруҳои СААД


Дар шаш машқгоҳи низомии гарнизони Хатлон размоиши васеи низомии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) гузашт.

Дар тамринҳои муштараки низомӣ ҷузъу томҳои таъйиншудаи СААД, вобаста ба маълумоти разведкаи фазоӣ ва заминӣ, унсурҳои гуногуни зиддитеррористиро тарҳрезӣ карда, бо истифода аз авиатсияву техникаҳои вазнини ҷангӣ пойгоҳи шартии террористон ва самти ҳаракати афроди ғайриқонунии мусаллаҳро мавриди зарбаҳои мушакӣ қарор доданд.

Мақсад аз баргузории машқҳои муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, пеш аз ҳама, мукаммалгардонии сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии созмони мазкур, тарҳрезии назару муносибати ягонаи кории мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзо дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кўҳистон буд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард

СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард

Хабарҳо, Сиёсат
Тамринҳои муштараки низомӣ

Тамринҳои муштараки низомӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии га ...

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии га ...

Сиёсат, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Артиши сулҳовари мо

Артиши сулҳовари мо

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Сиёсат