Дар як сатр
» » ОЁ КӮДАКРО ЗАДАН МУМКИН АСТ?

ОЁ КӮДАКРО ЗАДАН МУМКИН АСТ?

9-07-2020, 01:20

Дар тамоми ҷаҳон ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон самти афзалиятдори рушди ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Пас аз қабули Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқи кӯдакон ва беҳсозии шароити зиндагии онон пайваста тадбирандешӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо муаммои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, аз ҷумла хушунате, ки аз ҷониби падару модарони худи онҳо содир мешавад, ҳамоно ба мушоҳида мерасад.

Имрӯз ҳатто волидайне ҳастанд, ки ба ақидаи онҳо гӯё торсакӣ задани кӯдак як ҷузъи фарҳанги тарбия аст. Дар асл ин на танҳо андешаи ғалат аст, балки зӯроварӣ дар оила буда, кирдори ғайриқонунӣ мебошад. Соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, ки тибқи он падару модар бояд шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд.

Ба ҷуз ин соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул шуд, ки мутобиқи моддаи 10-и ин қонун, волидайне, ки нисбат ба фарзандони худ зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣ, иқтисодӣ ва ё шаҳвониро раво мебинанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда,  ҳимояи манфиатҳои кӯдак ба таври автоматӣ ба масъулияти Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мегузарад. Бинобар ин, задани кӯдакон қатъиян манъ мебошад.

Бисёр вақт волидон рафтори зӯроваронаи худро чунин асоснок карданӣ мешаванд: «чанд бор бояд ба ӯ такрор намоям?», «вай маро тамоман гӯш намекунад», «ӯ асабамро хароб кард!». Аммо чунин ҳолат, агар бо роҳбар, рафиқ ё волидайни худи мо рух диҳад, мо масъаларо бо муштзанӣ ҳал намекунем-ку. Дар ин ҳол, маъмулан, усулҳои алтернативии ҳалли масъаларо ҷуста, ҷонибҳо ба созиш мерасанд. Чунин усули корбариро мо бояд нисбат ба фарзандони худ ҳам истифода намоем. Баъзе волидон зӯроварӣ нисбат ба фарзандонро танҳо ба он хотир раво мебинанд, ки кӯдакон ба онҳо ҷавоби ҳамвазн дода наметавонанд. Падару модарон муваззафанд, ки усулҳои муассири тарбияро бидуни истифодаи зӯроварӣ ба кор баранд, бо фарзандони худ муносибати хайрхоҳона намоянд. Ба табъи дили волидон рафтор намудани кӯдакон шарт нест, балки волидон бояд намунаи ибрати фарзанд шаванд ва фарҳанги ҳамзистӣ бо одамони дигарро омӯзонанд.

Волидон бояд дарк намоянд, ки дар ҷаҳони муосир зӯроварӣ ҳамчун усули тарбия дигар қобили қабул нест. Агар волидайн бо фарзандони худ бидуни зӯроварӣ муошират карда натавонанд, онҳо бояд беибо барои кумак ба мутахассисон - равоншиносон муроҷиат намоянд ва омӯзанд.

Бадрафторӣ нисбат ба кӯдак таъсири амиқи манфиро ба рушди равонӣ ва баъзан зеҳнии ӯ мерасонад. Кӯдаконе, ки дар чунин муҳит ба воя расидаанд, эҳсос намекунанд, ки онҳо муҳиманд ва арзандаи таваҷҷуҳи хоси дигарон мебошанд. Кӯдак бояд бо дарки он маънӣ ба камол бирасад, ки ҷисми ӯ дахлнопазир аст, бо задани кӯдак падар ё модари зӯровар дар зеҳни ӯ чунин тасаввуреро ҳосил мекунад, ки зӯроварии ҷисмонӣ як меъёри зиндагист ва дар оянда ӯ метавонад бо дигарон низ чунин муносибатро раво бинад.

Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки агар нафареро дар кӯдакиаш мавриди латукӯб қарор дода бошанд, дар синни камолот чунин муносибат барои ӯ кори маъмулӣ, ҳатто ҳаммаънои муҳаббат хоҳад буд, зеро мисоли дигареро ӯ дар ҳаёташ надидааст. Дар кӯдаконе, ки мавриди латукӯб қарор гирифтаанд, метавонад хислати зӯроварӣ ё агрессорӣ ташаккул ёбад ва дар оянда онҳо хашми худро болои одамони аз худ заифтар бирезанд. Ин андеша ғалат аст, ки бо ҷазои ҷисмонӣ додан ба фарзанд волидон шахсияти устувореро ба воя мерасонанд, ки аз худ дифоъ карда тавонад. 

Бо дарназардошти ин, волидон бояд ба ёд дошта бошанд, ки ҳарчанд бо торсакӣ задан натиҷаи дилхоҳ тезтар ба даст меояд, аммо ин амал ба кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.

Ба ин хотир ҳар як падару модар дарк намояд, ки мо дар ҷаҳони муосир зиндагӣ мекунем ва истифодаи усулҳои тарбияи асримиёнагӣ дигар қобили қабул нест. Чунин усулҳо на танҳо орӣ аз мантиқанд, балки барои саломатӣ ва некуаҳволии минбаъдаи кӯдак хатарнок мебошанд. Имрӯз барои ҳар кишвар одамони нав - аъзои фаъолу баркамоли ҷомеа, ҷавонони соҳибмалака ва боис-теъдод лозиманд. Аз ин рӯ, кӯдаконро бояд бидуни истифода аз зӯроварӣ ва бадрафторӣ тарбия намоем. Волидайнро мебояд, ки фарзандони худро ҳифз намоянд, дӯст доранд, нисбаташон ғамхорӣ кунанд.

Ҳамин минвол, вақте суол ба миён меояд, ки зимни тарбияи кӯдак ӯро занем ё назанем, танҳо як ҷавоби қотеъ бояд дошта бошем: назанем, балки дӯсташ дорем!

ОЁ КӮДАКРО ЗАДАН МУМКИН АСТ?

ОЁ КӮДАКРО ЗАДАН МУМКИН АСТ?

ОЁ КӮДАКРО ЗАДАН МУМКИН АСТ?



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зубайдулло Давлатов: «Баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада иқдоми ...

Хабарҳо

Майдончаҳои бозиро барқарор бояд кард!

Хабарҳо
Кӯдакон сарвати бебаҳои оила, ҷомеа ва давлатанд

Кӯдакон сарвати бебаҳои оила, ҷомеа ва давлатанд

Мусоҳибаи мо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш